СММ зидди ташхиси бакорат аст

Кумитаи ҳимоят аз ҳуқуқи занон дар Созмони Милал ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия додааст, ба таҷрибаи “ташхиси бакорат” қабл аз издивоҷ хотима бидиҳад, чунки он як навъи табъизи занон ба ҳисоб меравад.

Кумитаи маҳви табъиз ва хушунат ба зидди занон рӯзи 12-уми ноябр бо нашри хулосаҳои худ дар бораи тадбирҳои ҳукумати Тоҷикистон барои решакан кардани зӯроварӣ ба зидди занон гуфт, “Ислоҳи Кодекси оила дар соли 2016, ки ташхиси тиббии пеш аз издивоҷро ҳатмӣ кард, бино ба гузоришҳо барои анҷом додани ба истилоҳ “ташхиси бакорат” истифода мешавад, ки ин ба худкушӣ дар миёни занони ҷавон мусоидат мекунад.”

Хулоса ва тавсияҳои кумита чанд рӯз баъд аз он нашр шуд, ки ҳайати ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 31-уми октябр дар ҳузури намояндагони ин кумита гузориш дод, ки дар 5 соли гузашта барои аз байн бурдани зӯроварӣ ба зан ва боло бурдани мақоми он дар ҷомеа чӣ корҳоеро анҷом додааст.

Кумита бо изҳори нигаронӣ аз мавҷудияти “ташхиси бакорат” гуфтааст, ки ҳукумати Тоҷикистон бояд бо ислоҳи Кодекси оила ин таҷрибаро решакан кунад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *