Соҳиба Давлатшоева: Садои Фалак бояд ба фалак расад!

15 сол аст, ки 10-уми октябр дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Фалак таҷлил мешавад ва соли сеюм аст, ки ин мусиқии суннатии мардуми тоҷикро ЮНЕСКО ба феҳристи мероси ғайримодии башарият шомил намудааст. Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Соҳиба Давлатшоева имрӯз яке аз мубаллиғони асосии Фалак дар Тоҷикистон ва дар саросари ҷаҳон мебошад.

Фалак жанри мусиқии қадимаи шифоҳӣ буда, дар тӯли садсолаҳо аз гӯш ба гӯш, аз забон ба забон, аз дил ба дил ба тарзи мактаби «устод — шогирд» то ба имрӯз расидааст. Он бештар дар навоҳии куҳистон маъмул мебошад. Ҳунармандони тоҷик, аз ҷумла фалаксароёни асил Одина Ҳошим, Сафарбегим Тошхӯҷаева, Гулчеҳра Содиқова, Давлатманди Хол, Мадалии Барот, Акашариф Ҷӯраев, Абдулло Назрӣ, Иброҳим Кобулиев, Мусаввар Минаков, Мамадато Таваллоев, Файзалӣ Ҳасанов, Панҷшанбе Ҷорӯбов ва дигарон дар асри сипаригашта ва замони мо Фалакро ривоҷу равнақ дода, ба оламиён муаррифӣ намуданд. Соҳиба Давлатшоева идомадиҳандаи суннати неки ниёгон аст.

Номбурда 26-уми феврали соли 1970 дар деҳаи Чарсемаи ноҳияи Шуғнон ба дунё омадааст. Аз кӯдакӣ суруд мехонд ва дар барномаҳои мактабӣ ширкат мекард. Замони наврасиву ҷавониаш дар озмунҳои “Ғунчаҳои умед” ва “Бӯстон” ширкат карда, ба саҳнаи калон роҳ ёфт, вале ӯро суруди “Чун теғ ба даст орӣ, мардум натавон кушт” машҳур кард.

Соҳиба Давлатшоева мегӯяд аз синни 6-солагӣ ба сароидани Фалак оғоз кардааст: “Ман аз кӯдакӣ ба Фалак дил бастам. Сабабашро намедонам. Шояд дар тақдири ман чунин навишта шуда буд. Дар чорабиниҳои мактабӣ, ноҳиявӣ ва вилоятӣ ҳамеша фалаксароӣ мекардам. Ҳамин тавр, ба пойтахти кишвар омада, ба Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи устод Мирзо Турсунзода шомил шудам ва баъди хатми он ба фаъолияти эҷодӣ машғулам”.

Фалак дар куҳистони Тоҷикистон ва дар қисми шимолии Афғонистон ва якчанд вилоёти тоҷикнишини Покистону Ҳиндустон низ маъмул аст. Аз рӯи анъана матни асосии Фалакро рубоӣ ташкил медиҳад, вале дар замони мо фалаксароён ҳангоми иҷрои сурудҳои фалакӣ ба ғайр аз дубайтиву рубоӣ, инчунин ғазалҳои баландмазмунро аз адабиёти классикӣ ва шоирони имрӯзаи тоҷик низ истифода менамоянд.

“Албатта, замина, таърихи пайдоиш ва таркиби Фалак ягона аст, вале бо назардошти тарзи иҷро, истифода аз созҳои гуногуни мусиқӣ ва мавқеи ҷуғрофӣ Фалакро ба навъҳои даштӣ, роғӣ, дарвозӣ, афғонӣ, бадахшонӣ ва куҳистонӣ ҷудо мекунанд. Фалаки бадахшонӣ назокатҳои худро дорад, вале дар умум Фалак як маром дорад. Фалаксароён бо сурудани он розу ниёз, ғаму шодӣ ва дарди дилу нобасомониҳои рӯзгорро бароварда мекунанд ва гӯё маънии Фалакро аз фалак меҷӯянд»,- мегӯяд Соҳиба Давлатшоева.

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Соҳиба Давлатшоева феълан роҳбари ансамбли «Помир»-и Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии «Базморо»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Ӯ яке аз он ҳунармандонест, ки барои дар арсаи байналмилалӣ мақом пайдо кардани Фалак талошҳои зиёде кардааст. Номбурда аз соли 1994 ба ин ҷониб дар Аврупову Амрико, Канада, Русия, Эрон ва умуман дар саросари ҷаҳон бо барномаҳои ҳунарӣ сафар карда, мусиқии тоҷикиро тарғиб мекунад. Ҳунари нотакрори ӯ бо якчанд диплому мукофоти байналмилалӣ, аз ҷумла бо ордени санъати Фаронса ва ҷоизаи Фестивали байналмилалии “Шарқ тароналари” қадрдонӣ шудааст. Вай бо овози ғайриодӣ ва хотирмон миёни мардум маъруф буда, якчанд асбоби мусиқӣ низ менавозад.

Соҳиба Давлташоева мегӯяд, ки ҳамасола 2-3 сафари ҳунарӣ ба кишварҳои ҷаҳон дорад, вале ҳанӯз ҳам барои тарғиб онро кофӣ намедонад.

“Мо ҳанӯз санъати худро ба ҷаҳониён ба таври бояду шояд муаррифӣ накардаем. Мусиқӣ забон надорад, бинобар ин, василаи хубест барои шиносонидани миллат. Мо бояд кор кунем ва талош намоем, ки садои Фалаки мо дар тамоми фалак танинадоз бошад”,- мегӯяд Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Соҳиба Давлатшоева.

Д. ҚОДИРПУР, журналист

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *