Кохир Расулзода

Соҳиби 3 фарзанд.Қоҳир Расулзода кист?

Имрӯз, 8-уми март  Қоҳир Расулзода, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мавлуд дорад. Ӯ дар ин рӯз 60-солагии худро қайд мекунад.

 Қоҳир Расулзода 8 марти соли 1961 таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1982 Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис – гидротехник ва соли 2008 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русияро бо ихтисоси идоракунии давлат ва маҳаллӣ хатм кардааст. Номзади илмҳои техникӣ мебошад.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1982 ба сифати техник– лаборанти лабораторияи сохтмонии иттиҳодияи «Тоҷикирсовхозстрой»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз намуда, минбаъд солҳои 1985-2000 аз вазифаи устои колоннаи сайёри механиконидашудаи №4 иттиҳодияи «Тоҷикирсовхозстрой» шаҳри Хуҷанд то сардори иттиҳодияи мазкур фаъолият намудааст.

Солҳои 2000-2006 дар мансаби Вазири мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Аз соли 2006 то 2013 дар вазифаи Раиси вилояти Суғд фаъолият намудааст.

Солҳои 2007-2013 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати сеюм ва чорум ва муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 ноябри соли 2013 Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 2020 бинобар таъсиси Ҳукумати нав Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Барои фаъолияти меҳнатиаш бо унвони «Корманди шоистаи Тоҷикистон», медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикстон», ордени Зарринтоҷ дараҷаи II  ва мукофоти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон – ордени «Фидокорона хизматлари учун» (Барои меҳнати фидокорона) сарфароз гардидааст.

Оиладор, соҳиби 3 фарзанд мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *