Соҳибкорони сол дар Душанбе муайян шуданд

Дар шаҳри Душанбе озмуни «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2018» ҷамъбаст гардид.

Ҷоми фахрии  озмуни мазкур  насиби ғолиби номинатсияи «Истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва конструксияҳо»-Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Заводи асфалту бетон»-и  шаҳри Душанбе шуд.

Ғолибони озмун   аз рӯи 18 номинатсия  бо ҷоиза, инчунин  як зумра соҳибкорони пойтахт  барои иштироки фаъолона  дар ин озмун бо  «Сипоснома»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ шуданд.

Озмуни «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе» дар асоси қарори Раиси шаҳр Рустами  Эмомалӣ роҳандозӣ гардида,  ҳадаф аз баргузории он   баланд бардоштани  нуфузи соҳибкорон дар ҷомеа, таблиғи дастовардҳои бунёдкоронаву созандаи онҳо, дастгирии ҳамаҷониба ва ҳавасмандгардонии тоҷирон  бо мақсади рушди минбаъдаи соҳибкорӣ дар пойтахт, ғанӣ гардонидани бозори истеъмолию буҷети шаҳр   ва  муҳайё намудани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузорони ватанӣ  мебошад.

Агар соли 1991 дар шаҳри Душанбе теъдоди соҳибкорон 14 ҳазорро ташкил медод, алҳол дар пойтахт  ин шумора ба  42 ҳазору 210 нафар  расидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *