Соҳибкорони Туркия ба Тоҷикистон меоянд (аудио)

Ҳайати  қариб 30-нафараи тиҷоратии Туркия ба  Тоҷикистон меоянд. Интизор меравад,ки  ин ҳайат таҳти роҳбарии муовинони вазири  саноат ва технологияи Туркия Четин Алӣ Дюнмез ва Ҳасан Бюкдеди рӯзҳои 19-21 май вориди Душанбе шаванд.

Бино бар иттилои  Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, дар Душанбе бо иштироки ҳайати  тиҷоратии Туркия  ва доираҳои тиҷоратии   Тоҷикистон вохӯрии B2B  доир гардида, дар он имконоти сармоягузории Тоҷикистон,  Кодекси  андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ва минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар дар шакли рӯнамо муаррифӣ шаванд.

Ҳамзамон, ҳайати тиҷоратии Туркия бо роҳбарони вазорату идораҳои марбутаи Тоҷикистон, аз қабили вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон мулоқот анҷом диҳанд. Дар ин вохӯриҳо роҳҳои тақвияти ҳамкории иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистон ва Туркия карда мешавад.

Ҳамзамон, ҳайати тиҷоратии Туркия  аз Неругоҳи барқи обии «Норак», корхонаҳои «Ширкати алюминийи тоҷик», «Акиа Авесто Автоматив Индастри», «Coca- Cola Tajikistan», «Чунтай Данғара  Син Силу Текстайл», майдони пахта дар Данғара, Минтақаи саноатии Душанбе, Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» боздид менамоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *