Соҳибмактаб. Дар ҳошияи 80-солагии академик Саидмуҳаммад Одинаев
Бузургони мо мақому моҳияти илму донишро хеле возеҳу равшан ва ҳамаҷониба ситоиш намудаанд.
Аз ҷумла, фармудаанд:
Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад,
Зи дониш дили пир барно бувад.
Ё ин ки, ”Илм сарватест поянда, чашмаест зоянда”.
Нишон додани моҳияту мақоми фаъолияти илмии олимон кори саҳлу осон нест. Чунки натиҷаи корҳои илмӣ аксар вақт ноаён, ҳиснашаванда буда, метавонад дар фосилаи умри як насл ошкору пазируфта ва амалӣ нашавад. Аз ин рӯ, бисёр вақтҳо, тибқи меъёрҳои дар ҷомеа амалкунанда фаъолияти илмӣ беманфиату беҳуда ба назар мерасад.
Дар ҳикояте омадааст: ”Ҳакиме бо корвон мерафт. Саҳроиеро дид, ки савори асп буда, дар як паллаи хӯрҷин кӯдакаш ва дар паллаи дигари он ҷави аспашро гузоштааст. Гуфт чаро кӯдакро ба хӯрҷин андохтӣ? Саҳроӣ ҷавоб дод, ки дар акси ҳол хӯрҷин биафтад ва ҷав бирезад. Ҳаким гуфт, ки хуб набуд, агар ҷав ба ду паллаи хӯрҷин баробар андохтӣ ва кӯдакро ба пуштат гирифтӣ. Саҳроӣ гуфт, ки ман он чӣ ба хотирам омад, онро кардам. Ту агар ин қадар донишманд бошӣ, чаро дар корвон пиёда меравӣ?”.
Мисоли дигари аз ҷиҳати вақту мавзуъ наздиктар. Рӯзе ба назди физикдони машҳури итолиёвӣ Энрико Ферми шиносаш даромада, мепурсад, ки ба чӣ корҳо машғулӣ? Ферми мегӯяд, ки ана, ошкор кардам, ки ҳангоми тақсимшавии атом (ҳаста) як миқдор энергия ҷудо мешавад. Шиносаш мепурсад, ки чӣ қадар? Ферми мегӯяд, ки агар ту як мижа занӣ, нисбат ба ин энергия 70000 маротиба зиёдтар энергия сарф мекунӣ. Шиносаш мегӯяд, ки барои ҳамин қадар энергияи ночиз 18 соли умратро сарф кардан зарур буд? Ферми ҷавоб медиҳад, ки ин ҳодиса аз назари илм ҷолиб аст ва эҳтимол баъди ягон 50-100 сол касе онро амалӣ ҳам истифода кунад. Баъди 50-100 сол не, баъд аз 4-5 сол Ферми худаш дар асоси ҳамин энергияи ночиз аввалин реактори атомиро сохт.
Илм дар ҳақиқат ноаён аст, лекин баъзе натиҷаҳои одитаринаш тамаддуни башариро дигар мекунанд (ҳамчун мисол аз физика — мошинҳои ҳароратӣ, индуксияи элекромагнитӣ ва дигар қонунҳои одӣ буда метавонанд).
Чуноне ки Абдуллои Заррир дар ҷавобаш ба масали Зебуниссо фармудааст:
Илм аст бараҳнарӯй, маҳсулаш зар аст,
Тан хонаи анкабут, дил болу пар аст,
Заҳр аст заҳмати илм, маъниш — шакар аст,
Ҳар пашша аз ӯ чашид, шери нар аст.
Дар таҳқиқотҳои илмии академик Саидмуҳаммад Одинаев (ва устод Адҳамов А. А. ҳам) таҳқиқи хосиятҳои акустикии моеҳою омӯзиши қонунияти паҳншавии мавҷҳои чандир дар онҳо мақоми махсус дорад. Сабаби асосии муҳимияти омӯзиши мавҷҳои садогӣ дар он аст, ки акустика яке аз усулҳои дастрасу қуллаи таҳқиқи ҳодисаҳои кинетикӣ, ҳодисаҳои ба ҳаракати ҳароратӣ ва таъсири мутақобилаи молекулаҳо вобастабуда аст. Маҳз тавассути ченкунии суръати паҳншавӣ ва коэффисиенти фурӯбурди мавҷҳои чандирии садогӣ, мавҷудияти коэффисиентҳои часпакӣ ва гармигузаронии дуюм, модулҳои динамикии чандирӣ ва хосиятҳои релаксатсионии моеъҳоро нисбатан осону дақиқ муайян намудан мумкин аст. Азбаски коэффисиентҳои динамикии интиқолу чандирӣ ва вақти релаксатсия, ки дар муайян кардани хосиятҳои акустикии моеъҳо нақши калон доранд ва дар корҳои илмии Адҳамов А. А., Одинав С. ва шогирдонашон тавассути назардошти сохтори моеъ ва механизми молекулавии ҳодисаҳо муайян карда мешаванд, имкон медиҳанд, ки на танҳо қонунияти паҳншавии мавҷҳои одии садогӣ (мавҷҳои қаддии садогӣ — продолные звуковые волны) таҳқиқ карда шавад, инчунин шартҳои мавҷудият ва паҳншавии мавҷҳои садогии кундаланг (сдвиговые поперечные волны) ва мавҷҳои ҳароратӣ нишон дода шаванд.
Ҳолномаи зиндагии академик Саидмуҳаммад Одинаевро бе фаъолияти таълимию омӯзгориаш тасаввур кардан муҳол аст. Ӯ омӯзгори хушсалиқаи худодод аст. Дар тамоми зинаҳои таҳсилот, дар ҳар гуна гуруҳҳои таълимӣ пурра ба дарс дода шуда, самимона ва аз сидқи дил ба шунавандагонаш дарс мегӯяд. Ӯ дар оилаи омӯзгор таваллуд шуда, Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлобро хатм намуда, бо захираи муайяни донишу малакаҳои педагогӣ ба Университети давлатӣ дохил шуда, онҳоро сайқал дода, ҳамчун омӯзгори донишманд ба камол расидааст. Ин аст, ки ӯ пайваста ба фаъолияти омӯзгорӣ эҷодкорона муносибат намуда, шаклу усулҳои наву самараноки таълимро ёфта истифода намудааст. Дар баробари он, ки фаъолияти омӯзгории Саидмуҳаммад Одинаев тамоми зинаҳои таҳсилоти расмиро дар бар мегирад, иловатан дар таъсиси маҳфилҳои эҷодию мактабҳои мавсимӣ барои хонандагони болаёқат фаъолона иштирок намудааст. Солҳои 1971-1992 дар “Мактаби тобистонаи физикҳо, математикҳо ва химикҳои ҷавони Тоҷикистон”, ки бо ташаббуси устод М. С. Осимӣ дар назди Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон амал мекард, фаъолона иштирок намудааст. Солҳои 1975-1989 бошад, бо ташаббуси худи Саидмуҳаммад Одинаев дар назди Институти физикаю техникаи ба номи С. У. Умаров маҳфили “Физикони ҷавон”-и шаҳри Душанбе таъсис дода шуда, фаъолият кардааст. Таҳти роҳбарии С. Одинаев садҳо нафар ҷавонон лоиҳаҳои курсию дипломӣ омода намуда, дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва берун аз он фаъолона меҳнат карда истодаанд. Натиҷаҳои фаъолияти илмӣ-омӯзгории Саидмуҳаммад Одинаев дар зиёда аз 350 китобу дастур ва мақолаҳои илмию методӣ дар нашрияҳои ватанию хориҷӣ нашр шуда, дастраси ҷомеа гардидаанд. Хизматҳои арзандаи Саидмуҳаммад Одинаев дар ин соҳа бо унвонҳои Аълочии маорифи Тоҷикистон (1975), дотсент (1984), профессор (1996), узви вобастаи АМИТ (2001), академики АМИТ (2008) эътироф карда шудаанд.
Фаъолияти илмӣ-ташкилӣ ва ҷамъиятии академик С. Одинаев низ хеле васеъ ва гуногунҷабҳа мебошад. Саидмуҳаммад Одинаев ҳангоми фаъолияташ дар вазифаҳои директори Институти физикаю техникаи ба номи С. У. Умарови АМИТ (1999 — 2001), раиси Шуъбаи илмҳои физикаю математика, химия, гелогия ва техникаи АМИТ (2010-2016), ноиб-президенти АМИТ (2010-2016) дар танзим ва рушди илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ, ки имрӯз яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеа дониста шудааст, саҳми назарраси худро гузоштааст.
Дар рафти фаъолияташ ба ҳайси ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ (солҳои 2001-2005) ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (солҳои 2005-2008) барои бартараф кардани оқибатҳои бесомониҳои солҳои буҳронӣ ва ба низом даровардани раванди таълим дар мактабҳои олии касбӣ, барои ба талаботи иқтисодиёти ҷумҳурии соҳибистиқлол мувофиқ кунонидани омодакунии мутахассисон, барои бо меъёрҳои фазои таҳсилоти минтақавию ҷаҳонии таҳсилот наздик кунонидани мундариҷа ва сифати омодакунии мутахассисон саҳми босазои худро гузоштааст.
Дар давраи фаъолияташ ҳамчун узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2005-2010) дар самти амалӣ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илму маориф, дар самти мутобиқ намудани омодакунии мутахассисон ва корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба талаботҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ, аз ҷумла ба амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии мамлакат талоши зиёд намудааст.
Саидмуҳаммад Одинаев дар тӯли фаъолияти кориаш яке аз тарғибкунандагони фаъоли дастовардҳои илму техникаи муосир дар байни омма, махсусан ҷавонон буд. Ӯ тавассути вохӯриҳои бевосита, тавассути телевизиону радио ва дигар воситаҳои ахбори омма зарурати донистану истифода карда тавонистани илму технологияи муосир, махсусан илмҳои табиатшиносиро дар пешрафти фарҳанги техникӣ, дар рушди устувори мамлакат тарғиб менамуд.
Фаъолияти илмӣ, таълимӣ ва ҷамъиятии академик С. Одинаев бо унвону мукофотҳои давлатӣ — ордени “Шараф” дараҷаи II (2004) ва Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон (2019) қадр карда шудааст.
Фаъолияти илмии академик С. Одинаев на танҳо дар ҷумҳурӣ, инчунин берун аз он ҳам пазируфта шуда, мақоми худро ёфтааст. Ӯ аз соли 2001 то имрӯз узви Кумитаи илмии конфронсҳои байналмилалии «Физикаи ҳолати моеъ: прблемаҳои муосир» (PLM MP, Донишгоњи давлатии Киев ба номи Т. Г. Шевченко, Украина), узви Шӯрои ректорони Донишгоҳҳои Авро-Осиё дар назди Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов (с. 2005-2008) буда, аз соли1994 узви Академияи илмҳои Ню-Йорк, аз соли 2004 узви ҳақиқии Шуъбаи Тоҷикистонии Академияи байналмилалии мактабҳои олӣ мебошад.
Академик С. Одинаев ва мактаби илмии ӯ дар авҷи фаъолияти илмию таълимӣ мебошанд. Дар мактаби илмии академик Саидмуҳаммад Одинаев С. 7 нафар рисолаи номзадӣ (Додарбеков А. Ш., Ақдодов Д. М., Оджимамадов И. Т., Мирзоаминов Х., Мамадбеков Р. С., Идибегзода Ҳ. И., Зарипов А.) ва ду нафар (Комилов Қ., Ақдодов Д. М.) рисолаи докторӣ ҳимоя намуда, чанд нафари дигар дар арафаи дифои рисолаҳои илмӣ ҳастанд.
Мо ба устоди гиромиқадр академик Саидмуҳаммад Одинаев синни мубораки 80-солагиашонро табрику муборакбод гуфта, ба устод тани сиҳат, умри дарози бобаракат осудагии хонадонашонро орзу намуда, умеди онро дорем, ки устоду шогирдонашон солиёни зиёде бо дастовардҳои наву арзишманд дар рушди илму маориф ва ободиву пешрафти ватани азизамон саҳми арзанда хоҳанд гузошт.
Фарҳод РАҲИМӢ,
Анвар АБДУРАСУЛОВ,
Тағоймурод СОЛЕҲОВ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ