Соҳибони Яҳё, Воҳидхон ва Моҳихон пайдо шавед!
Муҳаммадҷон Ҳайитов як нафар корбари фаъоли facebook дар саҳифаи худ менависад, ки ду кӯдак ва як ҷавондухтар дар шаҳри Бохтар роҳи хонаашонро гум кардаанд ва намедонанд ба куҷо раванд.
Ҷавондухтаре, ки кӯдаконро ҳамроҳӣ мекунад, “нуқсони ақл” дорад менависад мавсуф.
“Шаби гузашта кормандони Шуъбаи корҳои дохилӣ дар шаҳри Бохтар ин нафароне, ки дар расм мебинед сарсону саргардон бо аломатҳои гумроҳӣ ёфтанд. Ҷавондухтар нуқсони ақл дошта тамоман ба саволҳо ҷавоби аниқ дода наметавонад. Ду навраси дигар низ ба ҳамин аломатҳо сухани фаҳмо намегӯянд. Кудакон яке Яҳё ном дошта тахминан 5-6 сола, Воҳидхон тахминан 4- сола, ҷавондухтар Моихон ном дорад, номи падарашонро Зиё мегуянд. Аз тамоми дӯстон эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ҳангоми шинохтани онҳо ба телефони боварии ШВКД-и шаҳри Бохтар, ки ҳамеша зери таваҷҷуҳи сардори шуъба, полковники милитсия Исозода Набиҷон аст 8322221020 ё телефони навбатдорӣ 2-26-05 хабар диҳед”-менависад Ҳаитов.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ