Соҳили Сирдарё макони истироҳатӣ мешавад

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо раванди корҳои ободонӣ  дар ду соҳили Сирдарё шинос шуд.

Бино ба иттилои мақомоти вилояти Суғд, ба пешвози 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар асоси лоиҳа аз пули кӯҳнаи шаҳри Хуҷанд  то пули «Ҷашнӣ» ба дарозии 2 км ва паҳноии беш аз 8 метр роҳрав бунёд  мешавад. Инчунин, таҷҳизоти муосири варзишӣ барои обутоби бадан, нишастгоҳҳои замонавӣ гузошта хоҳанд шуд.

 

“Дар маҷмуъ, ин мавзеъ ба макони истироҳативу варзишӣ табдил меёбад. Ҳоло  корҳои чароғонкунӣ ва панҷарабандӣ оғоз гардида, дар муҳлати пешбинишуда бо сифати баланд ба анҷом расонида мешаванд”,-иттилоъ медиҳад манбаъ.

Дар шафати соҳил бунёди биноҳои баландошёнаи гуногун низ дар назар дошта шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *