Соҳиби автобусе, ки дар он 52 муҳоҷири ӯзбек сӯхтанд, 3 сол зиндонӣ шуд
Додгоҳи ноҳияи Сариоғоши Қазоқистон соҳиби автобусеро 3 сол аз озодӣ маҳрум кард, ки ибтидои соли гузашта дар натиҷаи оташгирифтани он дар шоҳроҳи вилояти Оқтеппаи ин кишвар 52 муҳоҷири ӯзбек ҷон бохтанд.
Хадамоти матбуотии додгоҳ 13 август иттилоъ дод, ки талаби ҷониби ҷабрдидаҳо қонеъ ва шаҳрванди 46-солаи Қазоқистон Ордухон Мехтиев барои ба истифода додани воситаи нақлиёти корношоям зиндонӣ шуд.
Худи Мехтиев дар додгоҳ гуфт, ки аз ҳукм розӣ нест.
Автобуси ҳомили муҳоҷирон 18 январи соли 2018 дар масири Чимкент — Самара оташ гирифт. Дар ин автобус 57 мусофир ҳузур дошт, ки 52 тани онҳо дар ҷои ҳодиса ҷон бохтанд. Ҳамаи ҳалокшудаҳо шаҳрвандони Ӯзбекистон буданд. Аз шумори умумӣ 2 мусофир ва 3 ронанда шаҳрвандони Қазоқистон буданд, ки дар ҳодисаи мазкур осеб надиданд.
Додгоҳи шаҳри Оқтеппа 9 ноябр ронандагони автобусро 5-солӣ зиндонӣ кард. Додгоҳ онҳоро ҳамчунин вазифадор кард, ки ба хонаводаи ҳар шаҳрванди ҳалокшудаи Ӯзбекистон 5400-долларӣ ҷуброн пардозанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ