Соҳиби «Тоҷи заррин»
Аз дӯзандагӣ то раисӣ
Чанде пеш, қалби ходими ҷамъиятиву сиёсӣ, собиқ раиси шаҳри Конибодом зани ғаюру ҷасур ва мубориз, Корманди шоистаи Тоҷикистон Бибихон Азизова дар синни 72 — солагӣ аз тапидан бозмонд. Роҳи душвори дар зиндагӣ тайкардаи ин бонуи соҳибмаърифат ва фидоӣ боиси омӯзиш ва сутудан аст. Бинобар ин, мо – дӯстони собиқадори марҳум хостем як шингили онро ба шумо қисса кунем.
Эътирофи Президент
14 сентябри соли 1998 дар маҷлиси фаъолони вилояти Суғд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли ҷумҳурӣ муроҷиат карда, гуфта буданд:
«…Раҳмат бар падари раиси ноҳияи Конибодом Азизова!
Имрӯз ноҳияи Конибодом то 4,5 фоизи нақша пахта супорида истодааст. Масъалаи ободонӣ, тозагии шаҳр низ лоиқи ибрат мебошад.
Дигар раисони ноҳияҳои ҷумҳуриро овардан лозим, то таҷрибаи ин ноҳияро омӯзанд.
Ана ҳамин хел ташаббускорон, мутахассисони дилсӯз ва ғамхори миллатро бояд ҳаматарафа дастгирӣ намоем ва аҳсан гӯем..»
Ин эътирофи Ҷаноби Олиро сазовар гардидан, ки эътирофи мардуми Тоҷикистон низ ҳаст, ба Бибихон Азизова осон ба даст наомадааст…
Зинаҳои саодат
Бибихон Азизова соли 1946 дар замони душвор, баъд аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба дунё омадааст. Падари ӯ деҳқони донапош ва модараш зани одии хонашин буданд. Аммо дере нагузашта, дар овони тифлӣ ӯ ҳардуро аз даст дод ва дар тарбияи акояш ба воя расид. Ӯ аз хурдӣ ба сахтиҳои рӯзгор обутоб ёфта, дар меҳнат устухонашро шах кард.
Баробари хатми мактаби миёна Бибихон мисли дигарон наметавонист ба мактабҳои олӣ дохил шавад, зеро шароити рӯзгор ба ӯ имконият намедод. Бинобар ин, ба артели дӯзандагӣ ба кор даромада ба шуъбаи ғоибонаи Техникуми технологии шаҳри Конибодом ҳуҷҷат супорид.
Бибихон аз ҷавонӣ чаққону дидадаро буд. Бинобар ин, вақте ки артели дӯзандагӣ ба фабрика табдил дода шуд ва ба бинои калону замонавӣ кӯчида, теъдоди коргаронаш афзуданд, ӯро котиби ташкилоти комсомолӣ интихоб карданд. Баъди хатми техникум ӯ ба факултети иқтисодии Университети давлатии Тоҷикистон ҳуҷҷат супорида, онро хатм кард ва соҳиби маълумоти олӣ шуд. Дар баробари ин, ӯ дар иттиҳодияи коммунистон котиби озоди ташкилоти партиявӣ интихоб гардид. Ҳамин тавр, ӯ зина ба зина ба шоҳроҳи фаъолиятҳои ҷамъитӣ қадам мегузошт.
Дар шаҳри Конибодом он замон Комбинати хизмати маишӣ, фаъолити суст дошту нақшаҳояш иҷро намешуданд. Ҳамин тавр роҳбарияти ҳукумат Бибихон Азизоваро сарвари он таъин намуданд то кори ин комбинатро ҷоннок намояд. Ҳамин тавр, дар муддати кӯтоҳ ин комбинат ба яке аз ташкилотҳои муваффақ ва пешқадам табдил ёфт, ки дар ин хизмати сарвараш ниҳоят бузург аст. Ҳатто телевизиони марказиии СССР дар бораи Бибихон Азизова филми мустанад ба навор гирфт…
Намояндаи Президент
Аввалҳои баҳори соли 1996 Бибихон Азизоваро, ки сарвари ширкати «Муҳайё» буд, раиси вилояти Суғд Қосимҷон Қосимов даъват кард. Вақте ӯ ба ҳуҷраи кории Қосимов дохил шуд, баъди саломуалейк ва таклифи нишастан раиси вилоят якбора сари мақсад омад:
— Муаллима, мо шуморо ба вазифаи раисии ноҳия пешбарӣ карданием. Чӣ мегӯед?
Аз ин таклифи ғайричашмдошт ӯ дасту по хӯрда гуфт:
-Раис, шӯхӣ накунед. Конибодом ноҳияи калони аграрӣ. Ман бошам саноатчӣ… Ин масъулиятро уҳда карда наметавонам.
-Агар насиб бошаду раис шавед, дастгирӣ мекунем, — бо табассум гуфт Қосимҷон Қосимов…
…Баъди чанд рӯзи ин вохӯрӣ субҳи барвақт Қосимов ба хонаи Бибихон Азимова занг зад.
-Муаллима, пагоҳ шуморо дар дастгоҳи Президент интизоранд. Парвоз соати ҳафт. Дар фурудгоҳ намояндаи Дастгоҳи президент шуморо пешвоз мегирад…
Ҳамин тавр, ӯ дар вақти ваъдагӣ дар ҳавлии дастгоҳи Президенти кишвар буд ва баъди сӯҳбат бо мушовири Президенти кишвар оид ба кадрҳо Амиршо Миралиев ба қабули Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон даромад.
Президенти ҷавони кишвар ӯро бо эҳтиром ва бо табъи хуш пешвоз гирифта, ба нишастан таклиф кард. Ва гапро кашол надода:
-Аз ин ба баъд шумо намояндаи Президент ҳастед. Ҳаракат кунед, ки бо дилу нияти пок ба халқу Ватан хизмат кунед. Фаромӯш накунед, ки оббрӯйи шумо — обрӯйи ман аст. Ба шумо барори кор мехоҳам, — ва аз ҷой бархоста дасташро ҷониби Азизова дароз кард.
Бибихон Азизова низ аз ҷояш хеста дасти Президентро фишурд ва дар ин дастон боварӣ ва ҷасуриро эҳсос карда, гӯё неру гирифт.
Баробари берун шудан аз қабулгоҳ, аллакай дарк кард, ки масъулияти бузурге ба дӯшаш афтодаву бояд то ҷон дар рамақ дорад, талош кунад.
Конибодом: рӯ ба пешрафт
Раиси нави шаҳри Конибодом корро аз обод кардани шаҳр шурӯъ намуд. Роҳу роҳравҳо аз партовҳо тоза шуда, сохтмони чандин иншоот оғоз гардиданд. Аввалин дармонгоҳи шаҳрӣ, мактаби нав, бинои «Ориёнбонк» Маркази савдои «Гулистон» ва чандин иншооти дигар ба истифода дода шуданд. Дар соли дувуми роҳбарӣ шаҳри Конибодом барои дастовардҳои беназираш соҳиби мукофоти бонуфузи вилоят «Тоҷи заррин» гардид.
Чун Конибодом ноҳияи аграрист, Бибихон Азизова ба ин соҳаи афзалиятнок бештар таваҷҷуҳ мекард. Аллакай дар соли 1998 ноҳияи Конибодом ба хирмани кишвар 19744 тонна пахта супорид ва бори дувум соҳиби «Тоҷи заррин» шуд. Истеҳсоли ғалладона ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ ҳам афзоиш меёфт. Рӯз аз рӯз сатҳи зиндагии мардум ҳам беҳ мешуд.
Ҳамчунин, сохтмони заводи нафт бо иқтидори 20 ҳазор тонна дар як сол, заводи оби менералӣ, сохтмони 5 корхонаи коркарди меваю сабзавот ва чандин иншооти дигар дастовардҳои Бибихон Азизова буданд.
Маҳз чунин пешравиҳоро ба назар гирифта, Президенти кишвар ба фаъолияти Бибихон Азизова баҳои баланд доданд, ки дар боло мисол овардем…
Соли гулҳо
Аввалин бону – раиси Конибодом Бибихон Азизова соли 2000-умро дар Конибодом «Соли гулҳо» эълон кард. Ин иқдом аз ҷониби мардуми Конибодом дастгирӣ ёфта, Конибодом воқеан ба шаҳри гулҳо мубаддал шуд. Сохтмони иншоотҳои нав ва қомат афрохтани биноҳои замонавӣ дастоварди ин бонуи кордон ва мардуми ин шаҳри бостон аст.
Беҳуда нест, ки дар замони роҳбарии Бибихон Азизова шаҳри Конибодом 4 маротиба барандаи мукофоти «Тоҷи заррин» гардид.
Бибихон Азизова дар ҳаёти фарҳангии шаҳри Конибодом саҳм гирифта, маҳз дар закмони роҳбарии ӯ Бинои театри Конибодом таъмир ва кормандони рзномаи «Садои Конибодом» соҳиби бинои нав шуданд.
Ӯ ҳамеша намоишҳои нави театрро тамошо карда, солгарду мавлуди шахсиятҳои маъруф ва хизматнишондодаи Конибодомро таҷлил мекард…
Бо дуои халқ
Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, яке аз занони машҳури Тоҷикистон Энаҷон Бойматова дар бораи Бибихон Азизова гуфта буд:
«…Аз коргари қаторӣ то ба маснади сарварии шаҳр ва аъзои Парлумони мамлакат расид ва бахташро аз меҳнати ҳалол ёфт. Ҳамеша байни халқ буд. Зеро хеб медонист, ки такягоҳаш, пушту паноҳаш халқ асту бас. Ба туфайли маҳбуби пиру барно шудан, шоиста хизмат кардан, ба қадри заҳматкаши одӣ расидану ободкориҳояш Бибихон дар дили халқ ҷой гирифт…»
Воқеан, Бибихон Азизова ки худ доғи ятимӣ дида буд, ҳамеша аз ҳолу аҳволи калонсолон ва пирону ятимон хабар мегирифт. Ӯ ҳатто ному насаб ва суроғаи иштирокчиёну маҷрӯҳони Ҷанги Бузурги Ватаниро аз ёд медонист.
Боре дар як суҳбат мо аз ӯ сирри бештар таваҷҷуҳ карданаш ба ятимону бекасон ва пирону барҷомондагон пурсон шудем. Бибихон Азизова чунин посух гуфт:
-Худ заҳри ятимӣ чашидаам, доғи ҷигарбандам дидаам, аз ин рӯ онҳоро хуб дарк мекунам.
Соли 2008 баъд аз ба нафақаи меҳнатӣ баромадан, Бибихон Азизоваро сарвари Ҳизби халқии демократӣ дар вилояти Суғд интихоб намуданд ва ӯ то соли 2001 дар ин вазифа фаъолият кард. Яъне то охирин лаҳзаҳо аз таҷрибаву малакаи ӯ истифода бурданд.
Инак, чандест, ки Бибихон Азизова аз миёни мо рафт, гарчанде номаи ӯ дар дили мо ва дар саҳифаи таърихи Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин абадан сабт шудааст.
Ин буд, меҳрномаи мо дӯстони ихлосманди Бибихон Азизова – Шарифҷон Исҳоқов, Башорхон Узоқова, Абдулмаҷид Воҳидов, Ҷӯрахон Иномов, Маҳмудҷон Шарипов, Нозимҷон Фозилов, Аслонҷон Носиров ва Асламхон Саидов
Рӯҳат шод бод, зани мубориз ва поктинат!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ