Соҳибкор муовини раиси ноҳияро оташ зад

Соҳибкори ноҳияи Яккабоғи вилояти Қашқадарёи Ӯзбекистон ба болои муовини раиси ноҳия бензин рехта ва ӯро оташ задааст.

Соҳибкори ноҳияи Яккабоғи вилояти Қашқадарёи Ӯзбекистон ба болои муовини раиси ноҳия бензин рехта ва ӯро оташ задааст.

Ин ҳодиса рӯзи 20 июл рух дода ва Мансур Туймаев, муовини раиси ноҳияи Яккабоғ фармон додааст, фурӯшгоҳи дуошёнаи соҳибкори маҳаллиро, ки гӯё ғайриқонунӣ бунёд шудааст, ба хок яксон кунанд.

Ба гуфтаи шоҳидон, пас аз он ки ронандаи булдозер аз иҷрои ин амр сарпечӣ кард, худи Туймаев сари ҷилав нишаста ба хароб кардани бино пардохтааст.

Соҳибкор гуфтааст, барои сохтмони ин бино аз бонк қарзи зиёде гирифтааст ва аз ин лиҳоз хоҳиш кардааст, ки то замони пардохти қарз аз хароб кардани фурӯшгоҳ худдорӣ шавад.

Вақте муовини раиси ноҳия ин хоҳишро нодида мегирад, соҳибкор дар ҳузури садҳо шоҳид ба болои Туймаев бензин пошида ва оташ мезанад.

Сокинон тавонистанд дастҷамъона оташро хомӯш карда ва Туймаевро бо ҷароҳатҳои мухталиф ба бемористон мунтақил кардаанд.

Соҳибкор, писараш ва хонумаш аз ҷониби пулис боздошт шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *