Соҳибкори тоҷик бо 11 000 кг моҳии истеҳсоли Россия боздош гардид

Зимни гузаронидани амалиёти гумрукӣ аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, дар ҳудуди анбори ҶДММ «Ҷоми Ҷам» -и шаҳри Бӯстон ду адад воситаи нақлиёт боздошт гардид.

Он  тамғаи «Зил», қайди рақами давлатиашон 01 39 ЕЕ 02 ва 17 40 СН 02, ки таҳти идораи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Б.В. ва Ғ.А. қарор доштанд, дар он муоинаи гумрукӣ гузаронида шуд.
Тавре аз Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни гузаронидани муоинаи гумрукӣ муайян карда шуд, ки дар бордони воситаҳои нақлиёти мазкур ба миқдори 11 ҳазор килограмм моҳии яхкардашудаи намуди «Минтай» — и истеҳсоли Федератсияи Россия мавҷуд аст, ки онҳо мехостанд ин миқдор маҳсулотро дар анбор ҷойгир намоянд.

Маҳсулоти зикршуда ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Р.А., соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷамоати деҳоти Ёва, тааллуқ дошта, номбурда ин миқдор молро аз деҳаи Борбодуқи Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни назорати гумрукӣ интиқол додааст.
Тибқи хулосаи Филиали суғдии Маркази ҷумҳуриявии ташхисҳои судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши умумии моҳии боздоштшуда дар маҷмӯъ 170 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.

Доир ба ҳолати мазкур нисбат ба шаҳрванд Р. А. бо моддаи 289 қисми 2 — и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ба Прокуратураи вилояти Суғд ирсол гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *