Соҳибкорони Австрия ба Тоҷикистон омаданд

Имрӯз, 3 апрел  як ҳайат иборат аз соҳибкорони Австрия бо роҳбарии директории минтақавӣ оид ба масъалаҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Палатаи Федералии иқтисоди Австрия ба Тоҷикистон ташриф оварданд.

Тавре аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии  Тоҷикистон хабар доданд, дар назар аст, ки дар рӯзи аввали сафар ҳайати мазкур бо масъулини вазорату идораҳо ва ташкилотҳои молиявии Тоҷикистон мулоқот анҷом диҳад.

Дар рӯзи дуюми сафари кории ҳайати соҳибкорони Австрия пас аз нисфирӯзӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Бизнес-Форуми Тоҷикистону Австрия баргузор мегардад.

Бегоҳиии рӯзи 4 апрел ҳайати меҳмонон аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва фароғатии шаҳри Душанбе боздид ба амал меоранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *