Соҳибкорони тоҷикро дар Маскав ҳамватани худашон кушт?
Ба гумони даст доштан дар қатли Анварҷон Ибодов, як соҳибкори тоҷики бозори «Москва” дар минтақаи Люблинои шаҳри Маскав зодаи дигари Тоҷикистон Манучеҳр Нуров таҳти ҷустуҷӯ гузошта шудааст.
Мақомоти тафтишотии пойтахти Русия бо гумони даст доштан дар сӯиқасди шоми 2 май ба ҷони ду соҳибкори тоҷики фурӯшгоҳи «Москва” – Анварҷон Ибодов ва Акбарҷони Акрамҷон — дар минтақаи Люблино Манучеҳр Одинаевич Нуров, соли таваллудаш 1992-ро таъқиб мекунанд. Дар натиҷаи он сӯиқасд, Анварҷон Ибодов кушта шуда, Акбарҷони Акрамҷон ҷароҳат бардошта буд.
Гуфта мешавад, аксҳои Манучеҳр Нуров дар ҳудуди фурӯшгоҳи «Москва” ва минтақаи Люблино овехта шудааст. Манучеҳр Нуров зодаи Тоҷикистон ва шаҳрванди Русия будааст.
Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷики Русия Манучеҳр Нуровро аз нафарони наздик ба Ҳоҷӣ Самад Абдураззоқов, як бригадири пурнуфузи ҳаммолони тоҷик дар бозори «Москва” ном бурдааст.
Ёдовар мешавем, ки шоми 2 май соати тақрибан 18 Анварҷон Иноятович Ибодов, санаи таваллудаш 10.04.1985, зодаи ноҳияи Хуросон ва ҳамватани ӯ Акбарҷони Акрамҷон, санаи таваллудаш 01.03.1993, дар кӯчаи Верхние поля дар ҳавзаи ҷанубушарқии Москва дар марзи байни минтақаҳои Люблино ва Капотня ва Марино, ҳадафи сӯиқасд қарор гирифтанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ