Соҳибони Пиров дар куҷоед?
Аз ҷасадхонаи ноҳияи Можайски вилояти Маскав хабар додаанд, ки ҷасади Пиров Эмомалӣ Малахович шаҳрванди Тоҷикистон он ҷо қарор дорад. Пиров зодаи ноҳияи Файзобод, кӯчаи Рӯдакӣ, хонаи 30 мебошад.Аз он ҷо гуфтаанд, ки дар наздиктарин фурсат пайвандони марҳумро бояд пайдо кард. Дар акси ҳол онҳо маҷбуранд, ки ҷасадро ҳамин ҷо, дар Маскав ба хок супоранд.
Ҷасади муҳоҷири 39-солаи тоҷик Пиров Эмомалӣ Малахович, сокини кӯчаи Рӯдакӣ, 30, ноҳияи Файзобод, санаи таваллудаш 01.02.1978, дар ҷасадхонаи ноҳияи Можайски вилояти Маскав қарор дорад. Аз ҳамаи онҳое, ки дар бораи хешу ақрабои марҳум огоҳӣ доранд, хоҳиш карда мешавад,ки ба онҳо дар ин бора хабар дода шавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ