Соҷида Мелод — Афғонистон
Қасам ба ту
Дар рӯзгоре, ки ғазал аз даҳонаҳои туфанг файр мешавад,
Ва мардум танҳо ба побӯси ватанфурӯшони ба зоҳир сиёсатмадор мераванд.
Ва саҷда мегузоранд барои ҷайбҳояшон,
Қасам ба худат ҳеҷ чизе баробари ту бо азамат нест.
Дар рӯзгоре, ки сиккаҳои хомӯш ҳарфи аввалро мезананд,
Ва одамакҳо дурӯғ мегӯянду дурӯғ мегўянд.
Ва аммо хуршед бе хаёл метобад,
Ва дарё ҷорист.
Ва хуни инсонҳои маъсумро мерезанд,
Ва кӯдаконро ҳанӯз номардона нишона мегиранд.
Қасам ба ту, ки бӯйи ишқ аз пероҳанат ҷорист,
Дар рӯзгоре, ки шумори инсонҳои кӯчак аз ҳадд берун аст,
Ва ҳама чизро бо виҷдонҳои мучолашудаашон фурӯхтаанд.
Қасам ба ту, ту танҳо бӯйи ишқ медиҳӣ,
Бӯйи шири поку нони гарм,
Ва таронаи озодӣ.
Қасам ба ту ва ба офтобе, ки бар шонаҳои ту метобад,
Ин танҳо туӣ, ки бӯйи зиндагӣ медиҳӣ.
***
Шоеъа
Имонам обист,
Ва аз даричаҳои боз менгарам,
Ки хонаам пур аз саломи равшанӣ аст.
Аз ҳуҷуми шаб,
Ва аз қиёси тангбоварон,
Дилам гирифтааст.
Дар тааҷҷубам,
Ки ба рўйи офтоб,
Парда мекашанд,
Ва макс мекунанд.
Барои гуфтани паёмҳои ростӣ,
Чӣ саҳлу кӯчак аст барояшон,
Чашм баргирифтан аз ҳақиқати бузург.
Дар тааҷҷубам,
Чӣ дидаанд,
Аз ҳасодат,
Аз дурӯғ,
Аз хаёлҳои пуч,
Ки роҳи боғро надиаанд.
Ва саломи рӯшнотарин сафедаро низ,
Алейк намегўянд.
Чӣ мешунавам,
Чӣ шоеъа аст,
Ки гуфт,
Дами ғурўб,
Ба дор баста мекунанд офтобро.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ