Собиқ бозигари “Помир”-и Душанбе даргузашт

— Сергей Мандреко, шогирди футболи тоҷик, ки дар ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони СССР қаҳрамони Аврупо (1990) ва барандаи медали биринҷии қаҳрамонии ҷаҳон байни ҷавонони то 20-сола (1991) шуда буд, дар синни 50-солагӣ аз олам даргузашт,- хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, Сергей Мандреко ба ҳайси нимҳимоятгар дар дастаҳои «Вахш» (Қӯрғонтеппа), «Помир» (Душанбе), «Рапид» (Австрия), «Герта» (Олмон), «Боҳум» (Олмон), “Парндорф” (Олмон) ва «Маттерсбург» (Австрия) бозӣ кардааст.

Ӯ дар ҳайати “Рапид” барандаи Ҷоми Австрия шуда, ба финали Ҷоми дорандагони ҷомҳои Аврупо роҳ ёфтааст. Мандреко шарафи дастаҳои мунтахаби Иттиҳоди Шӯравӣ, Тоҷикистон ва Русияро ҳимоя кардааст. Номбурда дар дастаи мунтахаби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил чаҳор бозӣ анҷом додааст.

Пас аз анҷоми фаъолияташ ҳамчун ёвари сармураббии бошгоҳи футболи «Локомотив»-и Маскав (2008-2009), аз соли 2015 то соли 2017 мураббии тими “ЛАК-Интер”-и Вена буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *