Дар суратҳисоби махсус 9 миллиону 100 ҳазор сомонӣ ва 35 ҳазору 247 доллари ИМА маблағ ҷамъ шудааст

Дар заминаи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус-COVID-19, ки дар доираи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 18 марти соли 2020 таъсис дода шуд, ҷиҳати расонидани кумак ба хотири ҳифзи солимии ҷомеа суратҳисоби махсус таъсис дода шудааст.

Мувофиқи маълумоти охирин, дар суратҳисоби мазкур 9 миллиону 100 ҳазор сомонӣ ва 35 ҳазору 247 доллари Штатҳои Муттаҳидаи Америка ҷамъ шудааст.

Маблағи мазкур барои харидории таҷҳизот, маводи тиббӣ ва фароҳам овардани имконияти мусоид барои муолиҷаи беморони гирифтори бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус COVID-19 истифода мешавад.

Ҳамзамон Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус-COVID-19 ҷиҳати амалисозии тадбирҳои нишонрас дар самти пешгирӣ ва муолиҷаи беморони гирифтори ин вирус ба таври шабонарўзӣ фаъолият дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *