Собиқ раиси шаҳри Панҷакент даргузашт

Шакарбек Самадов, собиқ раиси шаҳри Панҷакент аз олам даргузашт. Хабари марги Шакарбек Самадовро ба Pressa.tj  наздиконаш тасдиқ карданд. Иллати марги Шакарбек Самадов бемории қалб будааст.

Ӯ дар гузашта вакили Маҷлиси намояндагон ва  муовини раиси шаҳри Душанбе низ буд.

Шакарбек Самадов номзади илмҳои иқтисодӣ  ва 66- сола буд.

Ҷанозаи марҳум имрӯз, 1 ноябр, соати 15.00 дар масҷиди ҷомеи шаҳри Панҷакент баргузор мегардад.

Маълумотнома

Шакарбек Самадов зодаи шаҳри Панҷакент аст. ӯ Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис — электрик хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатӣ: электромонтери хатҳои барқии шаҳри Панҷакент, муҳандиси шӯъбаи сохтмони хатҳои барқ, муовини директори совхози «Навобод» — и шаҳри Панҷакент, энергетики асосии корхонаи коркарди чӯб дар шаҳри Душанбе, директори генералии «Монолитстрой» — и шаҳри Душанбе, сардори Хатҳои барқии ноҳияҳои Фрунзе ва Марказии шаҳри Душанбе, сардори корхонаи фурӯши нерӯи барқ дар шаҳри Душанбе, директори генералии «Тоҷикгосэнергонадзор», мудири шуъбаи сӯзишворӣ ва комплекси энергетикии Кумитаи Иҷроияи Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Аз 25 январи соли 2001 и.в. раиси хукумати шаҳри Панҷакент.

Аз 19 апрели соли 2001 то 18 декабри соли 2006 раиси хукумати шаҳри Панҷакент.

Аз 18 декабри соли 2006 муовини 1-уми раиси. хукумати вилояти Суғд;

депутати Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии ҶТ даъвати 3 (03.2005-2010).

Аз соли 2010 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз округи интихоботии Панҷакент № 21.

Узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ. Аъзои Комиссияи Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Регламент ва корҳои ташкилӣ. Муовини раиси фраксияи ҲНДТ дар Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дорандаи Ордени «Ситораи Сурх» ва медали Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *