Собиқ сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон даргузашт

Имрӯз, 11-уми июл пас аз бемории тӯлонӣ арбоби давлатӣ, сиёсатмадор, дипломат, собиқ сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон Жаниш Рустенбеков даргузашт. Дар ин бора наздикони ӯ ба расонаҳо хабар доданд.

Рустенбеков соли 1949 дар деҳаи Октябри ноҳияи Исиқ-Атини вилояти Чуй таваллуд шудааст. Солҳои 1993-1995 дар вазифаи котиби давлатӣ, роҳбари дастгоҳи президент кор кардааст.

Солҳои 1995-1996 раиси вилояти Ош, баъдан сарвари Агентии давлатии хоҷагии ҷангали назди ҳукумат буд. Солҳои 2000-2005 вакили Маҷлиси намояндагони халқи Жогорку Кенеш, аз соли 2005 то 2007 вазири ҳолатҳои фавқулода буд.

Рустамбеков дар солҳои гуногун сафири Қирғизистон дар Қазоқистон, Туркманистон ва Тоҷикистон буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *