Собиқ сафир: Муноқиша бояд бо роҳи осоишта ҳал карда шавад

Аз муҳосираи низомии нерӯҳои ишғолгарона дар Ҷамму ва Кашмири ғайриқонунӣ забтнамудаи Ҳиндустон (IIOJK) як сол сипарӣ гардид.

Бахшида ба Рӯзи “Youm-e- Istehsal” чорабинӣ санаи 5-уми август дар сафорати Покистон дар Душанбе баргузор гардид. Собиқ сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон ва Покистон айни замон мудири кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ ва дипломатияи Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон Саидбег Саидов зикр намуд, ки Кашмир муноқишаи дарозмуддат байни Ҳиндустон ва Покистон аст ва бояд бо роҳҳои осоишта мувофиқи хоҳишҳои мардуми Кашмир ва тибқи қатъномаҳои Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид ҳалли худро ёбад. Вай таҷрибаи худро дар бораи сафари шахсии худ ба музофоти Ҷамму ва Кашмир (IIOJK) зимни сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон буданашон нақл кард.

Сафир Имран Ҳайдер зимни суханронӣ оид ба таърихи муноқишаи Ҷамму ва Кашмир, зӯроварӣ ва бераҳмии давомдор аз ҷониби қувваҳои истилогар дар Ҳиндустон, бахусус аз таърихи 5 августи соли 2019 ба амал омадааст, гуфта гузашт. Вай қайд намуд, ки амалҳои ғайриқонунӣ аз 5 августи соли 2019 ва воридкунии минбаъдаи тартиби азнавташкилдиҳии Ҷамму ва Кашмир J&K ба таъбизи демографӣ баробаранд ва вайронкунии дағалонаи Қатъномаи сершумори СММ оид ба баҳси Ҷамму ва Кашмир, Конвенсияҳои Женева ва ҳуқуқи байналмилалӣ мебошанд.

Қурбониҳои сершумори мардум ҷомеаи ҷаҳониро тадриҷан ба поймолкунии доимӣ ва ғайриинсонии ҳуқуқи инсон бедор мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *