Собиқ Сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов 80 – сола шуд
Имрӯз, 2 феврал ходими намоёни давлатӣ, cобиқ Сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов мавлуд дорад. Ӯ ба синни 80 қадам ниҳод.
Оқил Оқилро аз зумраи содиқтарин хизматчии давлатӣ медонанд. Ӯ фаъолиятро аз сармуҳандис сар карда, то ба инструктор, муовин, мудири шуъбаи Кумитаи Марказии ҲК Тоҷикистон адои вазифа намудааст.
Солҳои 1993-1999 ба ҳайси Вазири сохтмон, муовини Сарвазири Тоҷикистон, муовини аввали раиси вилоят, солҳои 1999-2013 дар мақоми Сарвазири Тоҷикистон адои вазифа дошт.
Оқил Оқилов барои фаъолияти чандинсолааш бо мукофотҳои давлатӣ қадршиносӣ гардидааст.
Ҳоло ӯ дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд даврони пирӣ меронад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ