Собиқ вазири корҳои хориҷӣ сарвазир шуд
Порлумони Ҷопон рӯзи 4-уми октябр Фумио Кишидаро дар мансаби сарвазири нави ин кишвар тасдиқ кард.
Кишида, ки ҳафтаи гузашта раҳбарии Ҳизби либерал-демократи Ҷопонро ба уҳда гирифт, ӯ ба ин васила бо осонӣ тавонист, ройи вакилонро ба даст биорад. Ҳизби ӯ ва шарикони эътилофиаш аксар курсиҳои маҷлисро дар ихтиёр доранд.
Йошиҳиде Суга пас аз як соли кор дар мансаби сарвазири Ҷопон рӯзи душанбе истеъфо дод. Маҳбубияти ҳукумати вай барои бархурдаш бо бемории коронавирус ва масоили дигар кам шуд.
Гумон аст, ки Фумио Кишида дар сиёсатҳои асосии ҳукумат тағйирот ворид кунад, вале ваъда додааст, ки муҳаррикҳои густардаи иқтисодиро эҷод мекунад.
Ӯ пештар вазири корҳои хориҷии Ҷопон ба уҳда дошт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ