Собиқадорон дар сафи пешанд
Ширкати “Помир Энерҷӣ” дар пешрафту муваффақиятҳои худ асосан ба собиқадорони соҳа, ки дар давоми фаъолияти кории худ барои рушди ширкат саҳми босазое гузоштаанд, такя мекунад. Месазад, ки доир ба фаъолияти баъзеи онҳо хонандагон огаҳӣ пайдо кунанд.
Назаралӣ Туфалонов ба дастгоҳ умри дубора мебахшад
Назаралӣ Туфалонов яке аз собиқадоронест, ки чоряк асри умри худро ба кори кафшергарї дар Неругоҳи барқи обии «Хоруғ» бахшидааст.
Солҳои аввали соҳибистиқлолии давлати тозабунёдамон камчинии таҷҳизоти техникӣ, нарасидани маблағ барои харидории қисмҳои зарурӣ барои иншооти барқтавлидкунӣ ҷиҳати таъмини ҳамешагии неруи барқ барои аҳолӣ мушкилоти зиёдеро пеш меовард. Бо тавсияи мутахассисон Назаралӣ ба таъмиру навсозии дастгоҳҳои барқӣ, ки бар асари серборӣ ва солҳо фарсуда шудаву тез-тез аз кор мебаромаданд, шурӯъ намуд. Барои мисол, бинобар солҳои зиёд кор кардан ғалтак (вал)-и дастгоҳи барқтавлидкунии НБО-и “Ванҷ” аз кор баромад. Назаралӣ ҷойҳои хӯрдашударо бо шуълаи кафшерӣ ҳамвор менамуд. Чунин кори нозук ва мушкилро чанд рӯз пайи ҳам идома медод ва баъди анҷоми кори кафшеркунӣ дар дастгоҳи харротӣ аз рӯйи андозаи пештара онро тарошид. Дастони пурҳунар ва пурэъҷози ин устоди варзида имкон дод, ки дастгоҳ боз чун пештара истифода шаваду бенуқсон кор кунад. Бо меҳнати ӯ боз чандин дастгоҳҳои барқтавлидкунии неругоҳҳои Ванҷу Ишкошим барқарор карда шуданду мардум аз онҳо то ҳол истифода бурда истодааст.
Вақте ки мутахассисони шаҳри Санкт-Петербург барои қисман азнавсозӣ намудани Неругоҳи барқи обии «Хоруғ» даъват шуда буданд, дар чанд моҳи фаъолияти корияшон ҳамроҳи кафшегар Назаралӣ дар насбкунии панҷ адад таҷҳизоти оббандкунӣ ба сифати хуби кориаш баҳои баланд доданд. Дар ҳақиқат ҳам, ин устои пухтакор тамоми корҳои ба ӯ вобастабударо хеле хуб аз рӯйи талаботи техникӣ ба иҷро расонд.
Имрӯз роҳбарияти ширкат дар тарбияи мутахассисони ба талаботи замон ҷавобгӯ диққати ҳамешагӣ медиҳад. Ҳар сол қисме аз ҷавонон дар донишгоҳҳои байналмилалӣ дараҷаи тахассусии худро такмил медиҳанд. Ин аст, ки имрӯз онҳо эҷодкорона ҳар мушкили соҳаро ҳал мекунанд. Назаралӣ шабурӯз монда нашуда, бо меҳри беандоза нисбати касбаш дар пешрафти корхона саҳми босазои худро гузошта истодааст.
Шукрулло Зайдуллоев — устоди устоҳо
Дар пешрафти босуръати энергетикаи Бадахшон дар баробари мутахассисони баркамол ва пуртаҷрибаи солҳои 70-уми садаи гузашта як гурӯҳ ҷавонони соҳибмаълумот баъди хатми донишгоҳҳои техникӣ ҳиссагузор шуданд. Яке аз ин ҷавонони серғайрату пухтакор Шукрулло Зайдуллоев мебошад, ки баъди бомуваффақият хатм намудани Техникуми энергетикии шаҳри Қӯрғонтеппа фаъолияти кориашро дар Шабакаҳои барқии вилоят оғоз намуд.
Маъмурият ва мутахассисони Шабакаҳои барқии вилоят баъди чанд моҳи кор маҳорати кордонию қобилияти хуби касбӣ ва серҳаракатии Шукруллои ҷавонро ба назар гирифта, ӯро ба бригадаи таъмиргарон шомил намуданд. Ҳангоме дар ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб неругоҳи барқӣ омодаи истифодабарӣ қарор гирифт, Шукруллоро чун мутахассис ба он ҷо фиристонданд. Роҳбарият малакаи хубу дониши пухтаи ӯро ба эътибор гирифта, бо ӯ тавсия доданд, ки тарбия ва омодасозии устоҳои касбиро дар ин ноҳияи дурдаст ба зимма бигирад. Ӯдар вазифаи навбатдори нуқтаи идоракунии НБО чор соли том ифои вазифа намуд. Вақте водии Ғунд бо нури барқ пурра чароғон гардид, ба уҳдаи Шукрулло вазифаи устои минтақавии шабакаҳои барқӣ гузошта шуд.
Дар солҳои 90-уми асри пешин Шукрулло фаъолияти кориашро дар колоннаи сайёри механикунонидашудаи «Тоҷикэлектрострой» ба сифати сармуҳандис идома медиҳад. Қариб ду сол кор карду бо баъзе сабабҳои объективӣ соли 1992 боз ба Шабакаҳои барқии вилоят баргашт. Дар он солҳо, ки иншооти зиёди энергетикии харобу корношоямгардида бо маҳорату кордонӣ ва таҷрибаи хуби кории чунин устоҳои касб, ба монанди Шукрулло, дар муддати кӯтоҳ аз нав барқарор мегардиданд. Вақте дар мавзеи Туғаки ноҳияи Ванҷ бар асари боронгарӣ регу қум ва сангчарх сутунҳои шабакаҳои барқиро батамом аз истифода баровард, илоҷи аз нав барқарор кардани онҳо дар ҷойҳои пештара ғайриимкон шуд. Ягона роҳ аз сари қуллаҳои касногузар барқарор кардани ин хати баландшиддат буду халос. Баровардани сутунҳои ҳашт ва даҳметра ба ин баландиҳо, насб карданашон ниҳоят хатарноку вазнин буд. Шукрулло ҷавонони маҳалро ба кумак даъват намуд. Дар ҷойҳои барои насби сутунҳо мувофиқ чуқуриҳо канданд ва дар баъзе ҷойҳои дигар лозим омад дар асоси таҳкурсӣ бо семент сутунҳои оҳанин шинонанд. Ҷасорату маҳорати баланди касбии чунин мутахассисони ширкат, ба мисли Шукрулло Зайдуллоев буд, ки бунёди хати нави баландшиддати Танг-Раҳмонобод аз доманакӯҳҳои мавзеъҳои Седаку Геҷак сари ваќт ба анљом расонида шавад. Меҳнати пурсамари Шукрулло ҳамеша аз тарафи ширкат дастгирӣ ва қадр карда мешавад.
Бояд гуфт, ки роҳбарияти Ширкати «Помир Энерҷӣ» ҳамеша меҳнату заҳмат ва кордонии собиқадорони соҳаро қадр мекунад. Охири моҳи майи соли равон дар боғи назди Неругоҳи барқи обии «Помир-1» вохӯрии директори генералии ширкат Далер Ҷумъаев бо собиқадорон баргузор гардид. Номбурда таъкид намуд, ки яке аз вазифаҳои масъулиятноку пуршарафи мутахассисони варзида ва кормандони собиқадору ботаҷриба ин ба таълиму тарбия фаро гирифтани насли наврас, ҷавонони босалиқаю соҳибмаълумот мебошад. Хушбахтона, бо ҷаҳду талоши коргарони пуртаҷриба имрӯз дар ҳар як департаменту хадамоти ширкат ҷавонони бафаҳму дониш меҳнат мекунанд, ки аз уҳдаи иҷрои ҳар гуна вазифаҳои истеҳсолӣ ба хубӣ мебароянд.
Мирзоазиз МИРЗОҚАНДОВ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ