Собиқадорони ҷанг аз 93 то 117-сола мебошандд
Умр гузаро асту омадагон мераванд… Насли нав агар ба қадри падарону бобоён бирасад, ҷойи онҳоро мегирад, корнамоиҳояшонро арҷ гузошта, идома медиҳад. Кош чунин бошад…
Тавре муовини аввали раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Тоҷикистон Валӣ Сайёрабеков мегӯяд, дар арафаи 72-солагии Ғалабаи Бузург дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки баҳри таҷлилаш ду ҳафтаи дигар мондааст, дар Тоҷикистон 443 нафар собиқадори ин ҷанги хонумонсӯзтарин ба сар мебаранд. Синну соли онҳо аз 93 боло буда, рӯз то рӯз сафи онҳо кам мешавад.
— То 15 апрели соли 2016 дар кишварамон 639 собиқадори ҶБВ дар қайди ҳаёт буданд, — мегӯяд Сайёрабеков. – Аз ҷумлаи занон ҳамагӣ 5 нафар ба сар мебаранд. Дар муддати як сол 166 нафар собиқадори ҷанг тврки ин олам кардаанд. Рӯҳашон шод бод!
Имрӯзҳо мо барои таҷлили солгарди 72-юми Ғалаба дар ҶБВ, ки чун анъана 9 Май ҷараён мегирад, тайёрӣ дида истодаем. Аз номи Президенти кишвар, Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ёрии моддии яквақта расонда мешавад.
Ба хотир меорем, ки дар Ҷанги Бузурги Ватании 1941-1945 аз Тоҷикистон зиёда аз 300 000 нафар ба ҷабҳаҳои набарду мубориза сафарбар шуда буданд. Аз онҳо 92 ҳазор тан дар майдонҳои муҳорибаҳои шадид бо фашизми гитлерӣ ҳалок шуда, наздики 60 тоҷикистонӣ сазовори унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ гардида, 15 нафари дигар барандаи се дараҷаи Ордени Шараф гаштанд.
Ҳоло собиқадори ҶБВ-и ҷавонтарини Тоҷикистон 93-сола буда, бзургсолтаринаш 117-сола мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ