Собиқ Прокурори генералӣ ба 10 сол зиндон маҳкум шуд

Додгоҳи шаҳри Тошканд Рашид Қодиров, Прокурори генералии пешини Ӯзбекистонро бо айбномаи фасод ва порухурӣ ба муддати 10 сол равонаи зиндон кард.

Додгоҳи шаҳри Тошканд Рашид Қодиров, Прокурори генералии пешини Ӯзбекистонро бо айбномаи фасод ва порухурӣ ба муддати 10 сол равонаи зиндон кард.

Рашид Қодиров пас аз барканорӣ аз мақоми Прокурори генералӣ дар вазифаи судияи Суди Конститутсионӣ кор мекард.

Қодирови 67-сола моҳи феврали соли 2018 боздошт шуда буд.

Ҳамчунин, додгоҳи шаҳри Тошканд рӯзи 26 июн парвандаи 11 нафар кормандони баландпояи додситонӣ, хадамоти махсус ва андозро баррасӣ кард.Мирағлом Мирзоев, муовини якуми додситони шаҳри Тошканд шартан ҳукми ҳабс гирифта ва аз толори суд озод шуд.

Дар моҳи июни соли ҷорӣ Отабек Муродов, Прокурори генералии Ӯзбекистон аз вазифааш барканор ва дастгир шуд. Рӯзи 25 июн давлати Ӯзбекистон ӯро аз ҳамаи унвон ва мукофотҳои давлатӣ маҳрум кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *