Содир Ҷабборов: Баҳси марз ба марҳилаи ниҳоӣ расид!

Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон бори дигар дар бораи ба «марҳилаи ниҳоӣ» расидани баҳси марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон гуфт. Аммо ӯ санаи мушаххасеро барои поёни ин баҳсҳо зикр накард.

Ба навиштаи хабаргузории қирғизии “АкиПрес”, раисҷумҳури Қирғизистон ҳангоми суханрониаш дар маросими ифтитоҳи бинои нави Дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ дар ин бора ибрози назар кардааст.

Ӯ гуфтааст, «мо ваъда дода будем, ки мушкилтарин масъала, масъалаи марзи кишварро ҳал мекунем. Имрӯз масъалаи сарҳади давлатӣ бо Ӯзбекистон пурра ҳал шудааст ва масъалаи марзи Қирғизистону Тоҷикистон низ дар марҳилаи ниҳоӣ қарор дорад ва музокирот идома дорад».

Ба иттилои расмӣ, 94 дарсади марзи Тоҷикистону Қирғизистон муайян шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *