Содир Ҷабборов-президенти Қирғизистон ба Душанбе меояд
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки 28-29 июни 2021 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Жапаров (Ҷабборов) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Ин вазорат аз хабарнигороне, ки мехоҳанд ҷараёни ин сафарро барои расонаҳо пайгирӣ кунанд, хостааст, ки худро расман аккредитатсия кунанд.
Ин нахустин дидори рӯбарӯи президентҳои Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов баъд аз муноқишаи хунини ду моҳ пеш дар марзи вилоятҳои Суғду Бодканд аст, ки аз ҳар ду тараф беш аз 50 кушта ва ҳудуди 240 захмӣ ба ҷо гузошт. Ин муноқиша хунинтарин муноқиша дар таърихи нафақат низоъҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон, балки дар таърихи муноқишаҳои марзии тамоми Осиёи Марказӣ дар чанд даҳсолаи охир дониста мешавад.
Тавофуқ дар мавриди сафари Содир Ҷабборов ба Душанбе рӯзи 30 апрел дар ҷараёни нахустин гуфтугӯи телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои қирғизаш баъд аз муноқишаи хунин дар марзи Исфараву ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ноҳияҳои Бодканду Лайлаки Қирғизистон ба даст омада буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ