Пиёз

Содирот манъ шуду боз қимматӣ. Чаро?

Содироти пиёзу картошка, сабзӣ — ку манъ шуд, аммо чаро боз қимматист? Ин суолест, ки сари ҳар қадам дар бозор, шабакаҳои иҷтимоӣ ба мушоҳида мерасад. Воқеан, пас аз эълони манъи содироти сабзию пиёз ва картошка ба хориҷ, дар бозорҳои кишвар ин намуди маҳсулоти кишоварзӣ ҳоло ҳам гарон ва боз аз тарафи фурӯшандаҳои “боинсоф” майли болоравӣ дорад.

Чор маротиба гарон

“Бардорад, зам кун, набардорад, кам кун” ба як шиор дар бозорҳои мо табдил ёфтааст. Бо вуҷуди эродҳои ахир дар ҷаласаи Ҳукумати кишвар нисбат ба гаронии нархи маҳсулот, аз ҷумла соҳаи кишоварзӣ, беназоратии масъулини блоки иқтисодӣ нисбат ба танзиму назорати бозор ва дигар мушкилоти ҷойдошта, ҳамоно нархи пиёзу картошка ва дигар хӯроки ниёзи аввал мувофиқ ба ҷайби мардум нест. Дар нуқтаҳои фурӯши маҳсулот дар бозорҳои “Деҳқон”, “Саховат”-и шаҳри Душанбе бараъло мушоҳида мешавад, ки нарх дигару амали фурӯшандаҳо дигар. Аҷиб, ин ба хотири хок пошидан ба чашми масъулин бошад ё фиреби мардум?

Вақте масъулини Вазорати кишоварзӣ гуфтанд, ки содироти картошкаву пиёз ва сабзӣ манъ шуд, аммо то имрӯз ин намуди маҳсулоти кишоварзӣ паст нашудааст. Баръакс, рӯ ба болоравӣ аст. Ҳол он ки, нархи сӯзишворӣ низ бамаротиб паст шуду масъулин, аз ҷумла “Тоҷикматлубот” ваъдаи баровардани маҳсулоти захиравии худро ба бозор карданд. Ҳоло 1 кг картошка 4-5 сомонӣ, пиёз 8-10 сомонӣ, сабзӣ 3-4 сомонӣ аст. Аммо асосан якбора гарон шудани нархи пиёз дар ҷумҳурӣ нигаронии ҷомеаро ба миён овардааст. Ҳоло мисле, ки хурӯс дар ҳама ҷо як хел ҷеғ мезанад, нархи пиёз аз 10 сомонӣ бештар аст. Аҷиб, ҳатто дар минтақаҳои асосии истеҳсоли пиёз, яъне вилоятҳои Суғду Хатлон ҳам чунин нарх аст. Агар нархи пиёзро ба ҳамин давраи соли гузашта муқоиса намоем, чор маротиба гарон шудааст.

Камчин шуд ё сармо заду содирот бештар?

Фурӯшандаҳо дар суҳбат изҳор медоранд, ки имсол пиёз камчин шуд ва бинобар ин, нархи он боло рафт. Масъулини соҳаи кишоварзӣ бошанд, сармои охирро сабаб пеш меоранд, ки боиси талаф ёфтани пиёз гашт. Бархеи дигар ба ин боваранд, ки содироти пиёз ба хориҷ бештар шуд. Дар соли гузашта соҳибкорон аз Русия  ба Тоҷикистон омада, барои харидани маҳсулоти кишоварзӣ шартнома бастанд.

— Ҳоло пиёз дар бозор камчин аст. Мо худамон бо нархи баланд мехарем ва ба болояш харҷи роҳу фоидаамонро зам карда, ба фурӯш мегузорем,- мегӯяд яке аз фурӯшандагони бозори “Саховат”-и шаҳри Душанбе.

Агар ба моҳи январи соли гузашта нигарем, нархи чаканаи пиёз дар бозорҳои кишвар 2 сомонӣ то 2 сомонию 50 дирамро ташкил медод. Ҳоло 1 кг пиёз ба 9-10 сомонӣ расидааст. Мегӯянд, ки нархи пиёзро танҳо ҳосили навбатӣ паст карда метавонад. Аммо то ҷамъоварии ҳосили навбатӣ қариб се моҳи дигар вақт ҳаст. Пас, то ин муддат арзиши пиёз чанд сомонӣ мешуда бошад? Ба назари таҳлилгарон, агар назорати ҷиддӣ дар бозор ва танзими нарх набошад, боз қимматӣ идома меёбад. Суол ба миён меояд, ки ин масъулият бар зиммаи кист? Албатта, Хадамоти зиддиинҳисорӣ, ки сиёсати ягонаи танзиму назорати нархро ба зимма дорад ва Вазорати рушди иқтисод ва савдову роҳбарони бозорҳо.

Тибқи маълумоти оморӣ, дар 6 моҳи аввали соли 2022 даромад аз фурӯши пиёз нисбат ба соли гузашта 36% афзоиш ёфтааст. Агар дар соли 2021 ин маблағ 4,7 миллион долларро ташкил диҳад, пас дар соли 2022 аллакай ба 6,6 миллион доллар расидааст. Ҳамчунин, соли 2022 аз вилояти Хатлон 4157 тонна пиёз ба хориҷи кишвар содирот карда шудааст.

Омор чисту вазир чӣ мегӯяд?

Тибқи иттилои Агентии омори Тоҷикистон, соли 2022 дар ҷумҳурӣ беш аз 672 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ шудааст. Ин рақам нисбат ба соли қаблӣ 6,6% камтар аст. Агар чунин омор воқеӣ бошад, пас дар муқоиса ба соли сипаришуда ақаллан нархи 1 кг пиёз бояд 4-5 сомонӣ шавад. Аммо мувофиқи маълумоти Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон, дар вилоят тибқи дурнамо соли 2022 бояд дар майдони 13 ҳазору 966 гектар замин пиёз кишт карда мешуд, вале бо таъсири баъзе омилҳо дар майдони 12 ҳазору 999 гектар замин пиёз кишт карда шудааст. Инҷо низ фарқият чандон зиёд нест.  

Акмал Иброҳимиён, муовини сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон дар нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон сабаби гарон шудани пиёзро дар бозорҳо ба коҳиши майдони кишти он (1 ҳазору 47 гектар кам) дар шаҳру навоҳии вилоят, баланд шудани нархи нуриҳои минералӣ, сӯзишворӣ вобаста донистааст.

«Овозаҳое, ки гӯё захираҳои пиёз аз таъсири сардӣ вайрон шуда бошанд, асос надоранд. То охири моҳи декабри соли гузашта пиёзро ба кишварҳои хориҷ содирот мекардем, аммо вақте ки арзиши он дар кишвар баланд шуд, содиротро қатъ намудем. Ҳоло дар анборҳои вилоят зиёда аз 4000 тонна пиёз захира дорем»,- изҳор доштааст Иброҳимиён.

Дар ҳамин маврид, вазири кишоварзии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода зимни нишасти матбуотӣ хабар додааст, ки соли 2022 аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи 54,3 млн доллар зиёда аз 191 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ интиқол дода шуд.

“Ин миқдор 17,6 ҳазор тонна камтар нисбат ба соли 2021 буда, лекин аз рӯи маблағ 17,6 млн доллар зиёдтар аст. Зиёда аз 40% аз ҳаҷми умумии содироти маҳсулоти кишоварзиро сабзавот — 76,6 ҳазор тонна ташкил медиҳад, аз ҷумла 66,6 ҳазор тоннааш пиёз”,- гуфт ӯ.

Ба гуфтаи вазир, ҳаҷми содироти мева 29% аз ҳаҷми умумӣ ё худ 54,5 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

“Харидорони сабзавот ва меваи Тоҷикистон кишварҳои ИДМ (92%), асосан Русия ва Қазоқистон мебошанд”,- иброз дошт Ҳакимзода.

Зимнан, зикр шудааст, ки дар соли 2023 ба парвариши пахта, картошка, пиёз ва сабзӣ афзалият дода мешавад. Аммо соли оянда мебинем, ки нархи ин маҳсулоти кишоварзӣ ба мардум дастрас мешавад? Шояд вазири нави кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода ислоҳоти куллӣ дар соҳа мегузаронад ва гуфтааш боитминон аст?

Вале суол ба масъулин: Агар ҳаҷми кофии маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пиёз захира доред, чаро ба фурӯш намебароред, то нарх дар сатҳи муътадил нигоҳ дошта шавад? Интизори он ҳастед, ки 15 сомонӣ шаваду ҳаннотон ва миёнаравҳо фоидаи муфт ба даст оранд? Механизми ягонаи таъсир ба паст кардани нарх дар бозор ин фаровонист. Аммо вақте ки эҳтиёҷ ба маҳсулот бештар шуду камчинӣ мушоҳида шуд, албатта, арзиш боз боло меравад.

Усмон РАҲИМЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *