Содироти пахта кам шуд, аммо пулаш зиёд
Тоҷикистон дар моҳи январ ва феврали имсол ба маблағи 52,2 миллион доллар пахта содир кардааст.
Тибқи омори ахир, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми фурӯши пахта аз назари вазн 21,5 дарсад коҳиш ёфта, аммо аз назари нарх 24 дарсад афзоиш доштааст.
Бар асоси омори Хадамоти гумруки Тоҷикистон, дар муддати зикршуда кишвар ҳудуди 21 ҳазор тонна пахта ба маблағи беш аз 52,5 миллион доллар ба кишварҳои аврупоӣ ва осиёӣ содир кардааст.
Бинобар омори Вазорати саноат ва фанновариҳои навини Тоҷикистон, дар кишвар ҳудуди 30 воҳиди бофандагӣ фаъолият мекунад, ки маҷмуи зарфияти фароварии онҳо то 100 ҳазор тонна пахта дар сол аст.
Ёдрас менамоем, ки тибқи омори ахир, ҳаҷми гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон аз аввали соли ҷорӣ беш аз 1 миллиарду 400 миллион долларро ташкил додааст. Дар ин бора Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар хабар медиҳад.
Ҳамин тариқ, фурӯш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,6% ё 70,3 миллион доллар афзоиш ёфтааст.
Ҳамчунин зикр мегардад, ки ҷумҳурӣ бо 90 кишвари ҷаҳон тиҷорат дорад, вале воридоти коло аз 80 кишвари ҷаҳон нисбат ба содирот бештар аст.
Илова бар ин, аз 55 давлат кишвар танҳо мол ворид мекунад, бидуни он ки ба ин ҷамоҳир содироте дошта бошад.
Тибқи иттилои Вазорати рушди иқтисод, тавозуни савдо манфӣ буда, 582,7 миллион долларро ташкил додааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ