София Тӯйбоева-аввалин актрисаи тоҷик

Имрӯз аввалин актрисаи тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон София Тӯйбоева зодрӯз дорад. Ба ин муносибат меҳрномаи мухлиси ҳунарпеша Алихон Маҳмадовро пешкаш мекунем.

Охири соли 1930 аз Театри ба номи Ҳамзаи Ӯзбекистон режиссёр Фатҳулло Умаров ва ҳамсари ӯ София ба театри нави дар Сталинобод таъсисёфта даъват шуданд. Аввалин нақше, ки София Тӯйбоева дар саҳнаи театри тоҷик бозӣ кард, ин нақши Дилбар аз драмаи К.Яшен «Ду коммунист» буд. Актрисаи ҷавон, ки аввалин қадамҳояшро рӯйи саҳна мегузошт, симои Дилбарро бонафосат таҷассум намуд. Ин намоишнома аз ҷиҳати сиёсӣ ва нафаси инқилобӣ саршор буд. Намоишномаи «Ду коммунист» нахустин комёбии калони театри тоҷик гардид.

Нақши дигаре, ки ба ӯ шуҳрат овард, Турсун аз «Ҳуҷум»-и В.Ян буд. Тӯйбоева дар варианти тоҷикии асар тарҳи ҳаракатҳои қаҳрамонашро хеле хуб муайян сохт.

Роҳбарони театр истеъдоди фитрӣ ва тарзи табиӣ образофарии С. Тӯйбоеваро мушоҳида намуда, дар чеҳраи ӯ ҳунарпешаи ояндадори саҳнаро медиданд ва дар ҳар намоишномаҳои нав нақши асосиро бовар карда, ба Софияи ҷавон месупориданд.

Драмаи «Ҳалима»-и Г.Зафарӣ соли 1931 дар барномаи театри тоҷик мавқеи муайян пайдо кард. Мушоҳидаҳои ҳаёт дар ин нақш ба ӯ кумак расониданд, ки санъати фоҷиавиро низ дарк намояд ва ҳолати психологии қаҳрамонашро кушояд.

Нақши Гулъузор аз драмаи Ғанӣ Абдулло — «Восеъ» чизи нав набуд. София нишон дод, ки духтараки зебои ховалингӣ дар иҷрои ӯ хеле зебо ва далер ба назар мерасад.

Соли 1934 режиссёри рус В.Тихонович ба Сталинобод даъват шуда, корҳои хоҷагӣ ва эҷодии театрро ба ҷунбиш даровард. Вале баъди ду сол аз театр рафт.В.Тихонович бо ҳунармандони тоҷик тарзи нодурусти корро пеш гирифта буд ва инро режиссёри нав аз Москва даъватшуда Е.И.Мителман баъди як соли корӣ бо ҳайати эҷодии театр мушоҳида намуда буд.

Баъди рафтани В.Тихонович вазифаи роҳбарии театрро ба Е.И.Мителман вогузор намуданд. Дар театр ҷорӣ гардидани системаи Станиславский боиси баланд шудани истеъдод ва нақшофаринии София Тӯйбоева гашт ва услуби нави режиссёрии Мителман барои санъати нақшофарии ӯ ёрӣ расонд.

Нақши Луиза аз «Макр ва муҳаббат»-и Шиллер имкониятҳои тозаи ҳунарпеша, паҳлуҳои нави маҳорати сайқалёфтаистодаи ӯро кушод. Ин намоишнома дар саҳнаи тоҷик барои С. Тӯйбоева марҳилае гардида дар бобати аз худ намудани фоҷиаи классикӣ нақши калон бозид.

Ҳунари эҷодии София Тӯйбоева сол то сол баландтар ва доираи фаъолияти эҷодиаш васеътар гашт. Сафарҳо ба Москва низ ҷаҳонбинии ӯро афзуд. С.Тӯйбоева ҳамроҳи дигар намояндагони Тоҷикистон дар ҷашни 40-солагии Театри бадеии академии Москва – МХАТ иштирок намуда, бо яке аз асосгузорони ин театр Немирович – Данченко ҳамсуҳбат гардид ва ӯро ҷомаю тоқӣ пӯшонд.

Рӯзҳои меҳмони Театри бадеии академии Москва буданаш С.Тӯйбоева намоишномаҳои ин театрро тамошо кард ва аз ҳунари баланди яке аз театрҳои пешқадами Москва сабақ омӯхт. Бо яке аз шогирдони болаёқати асосгузори Театри бадеии академии Москва К.С.Станиславский -Н.Кедров ошноӣ пайдо кард. Бо ҳамон Н. Кедрове, ки аввалин шуда, дар саҳнаи театри рус «Муфаттиш»-и Гоголро дар саҳна не, балки дар театр барои кормандони театр ва дигар даъватшудагон намоиш дода буд. Бояд гуфт, ки чунин тарзи намоиш дар масофаи рӯ ба рӯ бо тамошобин, фақат барои бинандагони махсус даъватшуда, ба актрисаи ҷавони тоҷик чизи нав буд.

Офариниши образи Гурдофарид дар фоҷиаи «Рустам ва Сӯҳроб» барои С. Тӯйбоева низ комёбии эҷодӣ овард. Гурдофариди ӯ оқилу чолок ва дар баробари ин ниҳоят пурназокат буд.

Дездемона бошад, дар иҷрои София Тӯйбоева аз намоишномаи Уилям Шекспир – «Отелло» ба атроф рӯшании нишотбахше эҳдо кард.

Қаҳрамони ӯ соҳиби хислатҳои поки инсонӣ буд. Асари мураккаби У.Шекспир дар пешрафти роҳи эҷодии С. Тӯйбоева нақши бағоят муҳим бозид.

Дар ин муддат актрисаи аллакай маъруф София Тӯйбоева як силсила симоҳои нотакрор офарид, ки ба ҳунарпеша шуҳрат оварданд ва сазовори эътирофи тамошогарон гардиданд. Ҷулйетта аз «Ромео ва Ҷулйетта»-и У.Шекспир, Луиза аз «Макру муҳаббат»-и Ф.Шиллер, Турандот аз намоишномаи «Маликаи Турандот»-и К.Готси, Бахтиёр аз «Туҳмат»-и И.Исмоилов, Туаннета аз «Бемори хаёлӣ»-и Ж.Б.Моллер, Пошлипкина аз «Муфаттиш»-и Н.Гогол, Ҳалима аз «Шодиёна»-и М.Зокиров, Саодат аз намоишномаи «Саодат»-и С.Саидмуродов, Ҳоҷиона аз «Бой ва хизматгор»-и Ҳ.Ниёзӣ ва Крупская аз намоишномаи «Тӯфон»-и Ғ.Абдулло ба актриса шуҳрати калон овард.

София Тӯйбоева дар Тоҷикистон аввалин актрисае мебошад, ки байни санъати кино ва театр риштаи алоқа баст. Соли 1933 таҳти роҳбарии режиссёр К.Ёрматов нақши Марямро дар нахустин филми тоҷик — «Муҳоҷир» бозид.

Хизматҳои намоёни София Тӯйбоева бо унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва бисёр ордену медалҳо қадр гардидааст.

Озмуни ҷумҳуриявии театрии «Парасту»- 2013 маҳз ба 100- солагии ин бонуи ҳунар бахшида шуд ва боиси ифтихор буд, ки аҳли эҷоди Муассисаи давлатии «Театри давлатии академии драммавии ба номи А.Лоҳутӣ» намоишномаеро пешниҳод намуданд, ки сазовори ҷойи аввал гардид.

Солҳо мегузаранд, вале номи неки София Тӯйбоева бо нақшҳои дар театр ва кино иҷрокардааш абадан дар хотири мухлисонаш боқӣ мемонад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *