Сохтмонҳои Россия ба 200 ҳазор муҳоҷир ниёз доранд

Қаблан шаҳрдори Маскав Сергей Собянин низ аз мушкили норасоии қувваи корӣ аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ дар пойтахти Русия гуфта буд

Дар сохтмонҳои шаҳри Маскав ҳудудан 200 ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ намерасанд, мегӯяд муовини мири ин шаҳр Владимир Ефимов.

Ноиби шаҳрдор дар мусоҳиба бо рӯзномаи «Известия» аз норасоии шадиди қувваи корӣ дар сохтмонҳои Маскав изҳори назар кард.

«Ин мушкилӣ имрӯз ҳам ҷой дорад. Ҳоло дасти кам 200 ҳазор муҳоҷир дар сохтмонҳо намерасад. Мо умедвор ҳастем, ки дар ояндаи наздик маҳдудиятҳои вуруди онҳо ба Русия сабуктар мешаванд», — афзудааст ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, норасоии захираҳои меҳнатӣ ба он оварда расондаст, ки корфармоён аз ҳамдигар коргарҳоро мехаранд. Ӯ мегӯяд, ин раванд оқибати хуб надорад, чун арзиши хизмати коргарон метавонад афзоиш ёбад.

 Чанде пеш  мири шаҳри Маскав, Сергей Собянин гуфта буд, ки норасоии муҳоҷирон бинобар пандемия таваррумро ба таври назаррас боло бурдааст.

Дар ҳамин ҳол, сардори дастгоҳи пойтахт таъкид кард, ки норасоии қувваи корӣ (бахусус дар сохтмонҳо) на аз сабаби кам будани муҳоҷирон, балки аз сабаби зиёд будани худи сохтмонҳо эҳсос мешавад.

Ёдовар мешавем, ки бо авҷ гирифтани маризии коронавирус, муҳоҷирони корӣ ба мушкилиҳои зиёд рӯбарӯ шуданд. Аз ҷумла муҳоҷироне, ки дар аввоили сар задани ин беморӣ аз Русия берун рафтанд, то як муддат имкони бозпас баргаштанро натавонистанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *