Сохтмон, хизматрасонӣ, зеҳни сунъӣ: муштариёни Хатлон аз ҷузъиёти алоқаи мобилӣ огоҳ шуданд

Зиёда аз 50 сокинони Бохтар меҳмони раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон шуданд. Онҳо бо роҳбарону кормандони ширкат суҳбатҳо карда, ба саволҳои ҷолиби диққати худ ҷавобҳо гирифтанд.

“Баъди вохӯрии имрӯза аллакай мефаҳмам, ки чаро оператор пойгоҳҳои базавиро дар ҳама ҷойҳо насб карда наметавонад ва то чӣ андоза раванди мазкур мураккаб аст. Новобаста аз ин МегаФон Тоҷикистон корҳои бузурги сохтмониро дар Хатлон ба анҷом мерасонад, ба мо муфассал фаҳмонида шуд, ки маҳз дар куҷо алоқа беҳтар карда мешавад. Ташаккур ба мутахассисони техникӣ барои корҳои босамар!” – мегӯяд сокини ноҳияи Кушониён Зарина.

Барои бисёри меҳмонон ҷузъиёти фаъолияти Хадамоти мизоҷон як кашфиёти нав буд. Масалан, маълумоте, ки ҳангоми муроҷиат тавассути замимаи “МегаФон Life” сараввал чат-боти Доно ҷавоб медиҳад, ки бо ӯ метавон бисёри масъалаҳоро ҳал намуд. Ва танҳо дар ҳолатҳои мушкилтар одамони воқеӣ пайваст мешаванд.

“Бештар саволҳоро тариқи замимаи мобилӣ медиҳам, ин хеле қулай буда, вақти камро мегирад. Лекин ман ҳатто дарк намекардам, ки бо зеҳни сунъӣ суҳбат дорам! Аҷибаш он аст, ки то чӣ андоза технологияҳои рақамӣ пеш рафтаанд!” – аз таассуроти худ сухан карда мегӯяд сокини Бохтар Нигора.

Инчунин меҳмонон дар бораи принсипҳои фаъолияти шабакаи мобилӣ, намудҳои таҷҳизоти алоқа, хизматрасониҳои муфиди рақамӣ маълумот гирифтанд.  Ба ҳама лутфу меҳрубонии кормандони ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ва омодагии онҳо ҷиҳати кушоду ошкоро дида баромадани мушкилиҳо ва роҳҳои ҳалли онҳо хеле писанд омад.

“Мо хушҳол аз онем, ки тавонистем ба ҳамаи саволҳои иштирокчиёни вохӯрӣ ҷавоб гардонем, нишон диҳем, ки чӣ тавр бо ҳар як муштарӣ ва муроҷиатҳояшон кор мебарем. Мутмаинам, ки ин гуна робита барои меҳмонон ҳам гуворо ва ҳам муфид буд ва барои гирифтани маълумоти бештар оид ба алоқаи мобилӣ ва хизматрасониҳои рақамӣ имкони хеле васеъ фароҳам овард”, — изҳор дошт роҳбари тиҷоратии раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон Фирдавс Шамсуддинов.

Соли ҷорӣ топ-менеҷерони ширкат бо муштариёни ҳамаи минтақаҳои кишвар мулоқотҳо доир карданд. Аз лаҳзаи оғози лоиҳа зиёда аз 2 500 сокинони Душанбе, НТМ, Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент ва Бохтар ба меҳмонии оператор даъват карда шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *