Сохтмончии қаҳрамон. Чӣ тавр Манучеҳр модару кӯдакро наҷот дод?

Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбурги Русия Зафар Сайидзода ба бинокор аз Тоҷикистон Манучеҳр Расулов барои рафтори қобили таҳсинаш ифтихорнома тақдим кард: ӯ як зану кӯдакашро аз сӯхтор наҷот дод.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 1-уми август Манучеҳр Расулов дар маҷмааи манзилҳои «Светлый» дар Екатеринбург зан ва кӯдаки хурдсолро аз сӯхтори дар ҳоли алангагирӣ наҷот дод.

Ба гуфтаи худи бинокор, ӯ сӯхторро аз паси панҷараи хона дида, зан ба балкон баромадааст ва кӯдакро дар дастонаш нигоҳ медоштааст.

Вақте ки Манучеҳр ба ин ошёна мерасад, мебинад, ки ҳамсояҳои зан кӯшиш доранд ба хона ворид шаванд, лекин талошҳояшон бенатиҷа аст.

Манучеҳр бо истифода аз болға дарро кушода, модару фарзандашро аз хона берун мебарорад. Сипас ӯ ба ҷойи кориаш баргашта, ба иҷрои вазифаҳои худ идома медиҳад.

Қобили зикр аст, ки Манучеҳр Расулов барои ин амали ҷасуронааш аз ҷониби ширкати сохтмоние низ, ки дар он кор мекунад, бо мукофот сарафроз гардонида шуд.

Ф. БОБОЕВА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *