Сохтмончиёни ғоратгар
150 000 доллари саҳмгузорон куҷо шуд?
Агар боре аз назди бинои навсохти истиқоматие, ки дар кӯчаи Раҳимии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе (наздикии бинои Прокуратураи генералӣ) гузаред, тарҳи зебо ва рангубори он назар мерабояд. Бино аз се бинои даҳошёна иборат буда, дар он зиёда аз 270 оила иқомат доранд. Аммо бино фақат аз тарафи роҳи мошингарди кӯча зебо ба чашм мерасидааст. Саҳни се блоки бино чунон вайрону валангор аст, ки табъи ҳар шахсро хира мекунад. Ҷо–ҷо пасмондаи масолеҳи сохтмонӣ, партовҳо, саҳни ҳавлиаш пур аз сангу хок, ҳатто майдончае барои бозии кӯдакон насохтаанд.
Дар пулканӣ усто…
Ҳамаи истиқоматкунандагон аз масъулини сохтмон норозӣ ба ҳафтаномаи “Тоҷикистон” муроҷиат намуданд. Бо супориши идора бо сокинони ин бинои навбунёд вохӯрда, арзу шикояташонро шунидем. Маълум шуд, ки биноро як ширкати сохтмонии хусусӣ ниму нимкола сохта, як сол боз аз идомааш даст шустаанд. Масъули сохтмон Карим Муҳаммадшоев хонаҳои нотамомро бо нархи баланд ба чанд кас фурӯхта, бо ҷурми қаллобӣ ба муҳлати 16 сол паси панҷара маҳкум гардидааст.
Валихон Қараев, сокини хонаи мазкур забони арз кушод:
-Ин биноро се сол пеш бояд пурра барои истиқомат месупориданд. Мо — сокинон, ба масъули сохтмон Карим Муҳаммадшоев ва молики қитъаи замин Фаррух Ашӯров бовар карда, аввал маблағи гуфтагиашонро барои оғози сохтмон додем, ки дар ин бора Карим Муҳаммадшоев ба мо забонхат навишта додааст. Баъдтар ин амалро ду-се бори дигар анҷом додаем. Ягона ҳуҷҷате, ки моро барои зистан дар ин бинои нотамом забондароз кардааст, шартномаи тарафайни саҳмгузорӣ бо масъулони сохтмон мебошад. На шиносномаи техникӣ дорему на қайди зист дар шиносномаҳоямон. Тибқи ин шартнома, ман се бор дар ҳаҷми 55 ҳазор доллар, 45 ҳазор доллар ва 9 ҳазор доллар (беш аз 101 ҳазор доллар маблағ) саҳмгузорӣ кардаам. Дидам, ки сохтмон кашол меёбад, ду сол пеш омада, хонаи худро, ки тибқи шартнома 141,1 метри мураббаъ муайян карда шудааст, соҳиб шуда, худам обод карда, бо оилаам дар он зиндагӣ дорем. Пули об, барқ, партов, фонди манзилро сари вақт месупорем. Ба ғайр аз ин, инҳо аз мо қариб 20 ҳазор сомонӣ қарздоранд.
Фаррух Ашӯров аз суҳбат бо мардум мегурезад
-Ман барои 93 метри мураббаъ (хонаи сеҳуҷрагӣ) 63 ҳазор доллар пардохтаам, — мегӯяд Баракатулло Зоиров. – Дар блоки аввал, ки мо аз тарафи роҳи мошингарди калон чашмрас аст, зиндагӣ дорем, дару тиреза ва корҳои ороиширо худамон иҷро кардаем. Фақат сохтмони таваққуфгоҳ дар таҳхона нотамом мондааст. Аз таҳхона ҳиссаамонро надода, онро фурӯхтанд.
-Минбаъд ба шумо идомаи сохтмонро кӣ кафолат медиҳад?
-Баъди ҳабси Карим Муҳаммадшоев ваколати идомаи сохтмонро ба Олим гуфтанӣ шахс супурдаанд, ки мо ӯро боре ҳам надидаем. Аммо масъули асосӣ Фаррух Ашӯров ба шумор меравад, ки дар бино фитнес-клуб ва интернет-кафе сохта, ошёнаи якуми бинои якумро ба маркази савдо, дорухона ва дигарҳо иҷора додааст, фоида мебинад, вале сохтмонро ба ҳоли худ мондааст. Аз суҳбат бо мардум мегурезад.
Муроҷиат ба Раиси шаҳри Душанбе кардаем, вале…
-Барои якхонагӣ 32 ҳазор доллар додаам, мегӯяд ҳамсуҳбати дигарамон Саидшо Давлатшоев. – Аз мушкилотамон ба раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ муроҷиат кардаем. Ба фикрам, он ба дасти раис нарасидааст, ки то ҳол ягон тадбир наандешиданд. Якуним сол аст, ки масъулони сохтмонро намебинем, гӯё ки сохтмон тамом шуда бошад. Ҳамаамон шартномаи саҳмгузорӣ дорем. Худамон бо КВД “Обу корези Душанбе”, идораи барқ шартнома бастаем. Биноҳои якуму сеюм лифт надоранд, аммо биное, ки худи Фаррух Ашӯров истиқомат мекунад, бо лифт таъмин аст. Ваколати К. Муҳаммадшоев соли 2016 ба охир расида, Олим гуфтаниро ваколатдор карданд. Вале пулҳои сохтмонро ба Фаррух Ашӯров медиҳему ҳеҷ не ки сохтмон ба охир расад, саҳни бино ободону барои кӯдакон майдончае сохта шавад. Пулро куҷо мекунанд, ҳеҷ кас ҳисобот намедиҳад.
Блоки сеюм об надошт. Худамон пул ҷамъ карда, насоси оббарор шинондем. Аз соҳиби насос 1300 доллар қарздорем. Ҳар рӯз таҳдид мекунанд, ки агар маблағи боқимондаро надиҳед, насосро меканам. Барои таъмири даҳлез низ пул ҷамъ карда додем, вале обод намекунанд. Пулҳои саҳмгузоронро барои чӣ истифода мебаранд, намедонем.
Блоки мо лифту партовгоҳ надорад…
Блоки сеюми истиқоматӣ лифт надорад. Тарҳи лифтҷо ҳаст, аммо то ҳол насб карда нашудааст. Ҷойи кушодаи лифтро бо шифер ниммаҳкам кардаанд, то кӯдаке ба даруни он наафтад.
— Ин аҳвол бахусус барои кӯдакон хавфнок аст, — мегӯяд сокини ин блок Лола Пӯлодова. — Онҳоро ҳамроҳ то поин фароварда, ба мактаб гусел мекунем ва баъди бозгашт, дубора ба боло мебарорем. Метарсем, ки аз зинаҳо ё балконҳои нимсохт наафтанд. Даруни лифтҷоҳо ба партовгоҳ мубаддал гашта, аз он бӯи бад меояд…
Насиба Облоқулова меафзояд: “Лифтро насб накардаанд, ки махсусан барои занони даступояшон вазнин, беморон ва кӯдакон баромадану фаромадан хеле мушкил аст”.
Илова бар ин, аз ошёнаи якум то даҳум симҳои қувваи барқ хатарзо насб карда шудааст. Таҳхонаҳо низ партовгоҳро мемонанд. Аз сабаби он ки дар гирду атрофи бино партовгоҳи муайян нест, аз сокинони биноҳои ҳамсоя касе, ки хостааст ба ҳамон ҷо партов оварда партофтааст ва инро низ худи истиқоматкунандагон эътироф мекунанд. Шурӯъ аз роҳрав то зинапояҳои қисмате аз ин манзилҳо барои зиндагӣ хатарнок боқӣ мемонад.
Сарвар Раҳимова чунин мегӯяд:
-Якуним сол аст, ки дар ҳамин ҷо зиндагӣ мекунем. Саҳни ҳавлӣ, гирду атрофи сохтмонгоҳ бисёр ифлос аст. Аз сабаби он ки ҷойи муайян нест, дар ҳар куҷое хоҳанд, партов мепартоянд. Дар ифлостар гардидани иқоматгоҳҳои мо сокинони хонаҳои ҳамсоя низ саҳм мегузоранд.
Мушкилоти дигарамон он аст, ки барои кӯдаконро ба боғча ё мактаб мондан аз мо маълумотномаи ҷойи истиқомат талаб мекунанд. Дар ин бино, ки дар қайд нестем, сарсону саргардон мешавем. Аз дигар ҷойҳо санад меорем.
Биноро комиссия қабул накардааст
Сокинони бино иддао доранд, ки масъулони корчаллон баъзе ҳуҷраҳоро ду-се маротиба фурӯхтаанд. Аз ҷумла, Шаҳзод Тоҳиров дар суҳбат гуфт, ки «вақте аз ин ҷо хона харидам, ваъда доданд, ки баъди ду-се моҳ ба истифода месупоранд. Аммо то ба ҳол моликаш дар зиндон аст. Мегӯянд, барои идомаи кор ба кадом писари холааш боварнома додааст. Ба ғайр аз шартномаи хариди хона, ки нотариус тасдиқ кардааст, шиносномаи техникӣ ва дафтари хона надорем. Бино, ки нотамоми аст, то ҳол онро комиссияи шаҳрдорӣ қабул накардааст.
Қарздорон гунаҳкор ё масъулони сохтмон?
Фаррух Ашӯров, соҳиби замине, ки биноҳои мазкур дар он ҷо бунёд шудаанд, аз номи ваколатдор ё одами боварноки Карим Муҳаммадшоев даъвати моро барои ҳозир шудан ба назди сокинони ҷамъомада қабул накард. «Ман барои блоки дуюи масъул ҳастам. Масъулони блокҳои якуму дуюм дигаронанд». «Ин ҷо соҳибмулкон аз блоки шумо низ шикоят доранд, биёед, ба дархостҳои онҳо ҷавоб диҳед», — гуфтем ба Фаррух, ки коргоҳаш фитнес-клуби хусусиаш, воқеъ дар таҳхонаи блоки дуюм будааст. Ӯ дар ҷавоб тамоси телефониро қатъ карда, аз дидор бо мардум рӯ тофт. Аммо ба хабарнигорони «Озодӣ» худро сафед карда гуфтааст, ки «қарздорон ҳастанд. Бояд пулҳоро пурра пардохт кунанд, то сохтмони биноро пурра ба анҷом расонанд. Ба ҳамин хотир кор каме ба таъхир афтодааст.»
Сокинони бинои мазкур Баракатулло Зоиров, Саидшо Давлатшоев, Сарвар Раҳимова, Рисолат Иброҳимова, Насиба Облоқулова, Лола Пӯлодова, Зулайхо Файзуллоева, Малика Саидалиева, Гулбарг Раҷабова, Алиҷон Сайрисоқов, Саъдӣ Мирзоев, Илҳом Бурҳонов, Валихон Қараев, Манучеҳр Муҳиддинзода, Шаҳзод Тоҳиров ва дигарон иброз намуданд, ки Фаррух Ашӯров дурӯғ мегӯяд, ки агар саҳмгузорон қарзи худро пардохт кунанд, сохтмони биноро ба анҷом мерасонанд. Зеро аввал қарор буд, ки сокинон 70%-и маблағи сохтмонро пардохт кунанд, 30%-и дигарашро баъди пурра анҷом додани сохтмон пардохт менамоянд. То имрӯз зиёда аз 90%-и сокинон 100% маблағҳояшонро пардохт кардаанд.
Дуюм, гӯё як сол пеш сокинон тақрибан 300 ҳазор доллар қарздор буданд ва ҳоло бошад, онро 150 ҳазор доллар ба забон меоранд. Пас 150 ҳазор доллари пардохткардаи сокинон куҷо шуд?
Сеюм, масъулон аз 17 нафар саҳмгузори дигар пул гирифта, ба ба онҳо хона надоданд. Пулҳои ин ҷабрдидаҳоро кӣ мепардозад?
Хулоса, фақат як Карим Муҳаммадшоев, ки зиндонӣ шудааст, ба ин мардумфиребӣ даст надорад. Тамоми масъулини сохтмон, соҳиби замин Фаррух Ашӯров, ки аз се бино яктояшро бунёд кардааст ва дигарон низ дар ғорату фиребдиҳии саҳмгузорон даст доранд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ аз фаъолияти ширкатҳои сохтмонӣ дар пойтахт изҳори нигаронӣ карда, дастур дода буд, ки назорат аз болои кори ширкатҳо шадидтар шавад.
Эмом НАЗАРОВ,
Бахтовар САФАРОВ,
“Тоҷикистон”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ