Сохтмони 12 бинои иловагӣ ва як мактаб дар ноҳияи Вахш
Дар назди 12 муассисаи таълимии ноҳияи Вахш сохтмони синфхона ва бинои иловагӣ бунёд мешавад. Ин тасмим ба хотири бештар кардани ҷойи нишаст гирифта шудааст.
Гулбаҳор Хоҷаёрова, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Вахш дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки сохтмони бинои иловагӣ камаш чор синфхона дорад. Ӯ мегўяд, иқдоми мавриди назар бо ташаббуси мақомоти маҳаллӣ ва ҷалби соҳибкорону шахсони саховатманд амалӣ хоҳад шуд.
“Мо зиёд шудани хонандагонро ба инобат гирифта, дар назди 12 муассисаи таълимӣ сохтмони бинои иловагиро ба нақша гирифтем. Бинои сохташаванда аз то 10 синфхона доранд. Баъди ба охир расидани корҳои сохтмонӣ эҳтиёҷот ба ҷойи нишаст аз байн хоҳад рафт”,-гуфт ӯ.
Ба таъкиди Гулбаҳор Хоҷаёрова, дар қисме аз муассисаҳои таълимӣ сохтмони бинои иловагӣ оғоз шудааст ва то оғози соли хониши нав ба охир мерасад. Қисмати дигар давоми соли хониши 2024 ва 2025 ба истифода дода мешаванд.
Ҳамчунин, дар ноҳияи Вахш сохмтони як муассисаи таълимӣ бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ ва сармоягузории Бонки рушди Исломӣ оғоз карда мешавад. Ин муассиса барои накдики 500 хонанда дар ду баст сохта мешавад.
Машраби Аловиддин
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ