Сохтмони роҳи оҳани ТАТ

  Роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон (ТАТ)  робитаҳои тиҷоратии миёни  кишварҳои минтақаро тақвият хоҳад бахшид. Дар ин бора дар изҳороти ҳукумати Туркманистон зикр гардидааст.
Дар изҳорот гуфта мешавад, ки марҳилаи якуми лоиҳа сохтмони ду қисмати онро дар назар дорад: хатти 85 километрии Атамурат-Имомназар дар қаламрави Туркманистон ва хатти 38 километрӣ аз нуқтаи аҳолинишини Имомназар то нуқтаи аҳолинишини Андхой дар Афғонистон.
Дар иттилоия ҳамчунин гуфта шудааст, ки: «Дар айни замон, хатти роҳи оҳан то ба истгоҳи Имомназар оварда шудааст. Дар баробари интиқоли хати барқ, сохтмони иншооти инфрасохторӣ дар нуқтаҳои Гулистон ва Имомназар,инчунин  сохтмони ду пули азими роҳи оҳан идома дорад».
Ин қисмати роҳи бузург бо назардошти рушди минтақаи шарқии кишвар аҳамияти бузург дорад. Дар ҳоли ҳозир он ҷо калонтарин маркази саноатӣ, бавижа, корхонаи азимҷуссаи саноатӣ — комплекси истихроҷ ва коркарди нуриҳои калий мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.
Бино ба иттилои хабаргузории давлатии «Туркмен довлет хабарлари»: «Амалигардонии як қатор лоиҳаҳои инфрасохторӣ дар Афғонистон ба рушди минбаъдаи иқтисодиёти Афғонистон ҷараёни тоза бахшида, ба ҳалли масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ва таъмини шуғли аҳолӣ мусоидат хоҳад кард».

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *