Сокини Рӯдакӣ ба зарфи оҳании ҶДММ “ҒАЛЛА” афтода, ҳалок шуд
Як сокини ҷамоати деҳоти Турдиеви ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми тоза кардани зарфи оҳании корхонаи ҶДММ “ҒАЛЛА” воқеъ дар кӯчаи Зебуннисо-12-и ноҳияи Шоҳмансур ба дохили он афтода, ба ҳалокат расидааст.
Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании кишвар, ин зарфи оҳанӣ 20 метр баландӣ доштааст ва шаҳрванд ҳангоми тоза кардани он қоидаҳои бехатариро риоя накардаасту ба дохили он сарозер шудааст.
— Баъди дарёфти хабар Дастаи махсуси имдодгарони Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуданд. Онҳо ҷасади ҷавонро аз дохили зарфи бузург берун оварданд ва ба намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супориданд,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ