Сокинон: “Аз хизматрасонии автобусҳо розӣ нестем!”
Мо аз фаъолияти ронандагони автобусҳои хатсайри 7, ки дар масири кӯчаи Ҷаббор Расулов – маҳаллаи «Обшорон» “меҷунбанд”, розӣ нестем.
Зеро ҳаракати автобусҳо дар ин самт аз рӯи нақша ё график набуда ва бо хости ронандагон сурат мегирад Масалан, пас аз кор соати 17.00 мехоҳем ҳар чӣ зудтар ба хона расем, автобусҳои шумораи 7-ро то ду соат интизорӣ мекашем. Ҳол он ки ронандагони он бояд тибқи тартиби тасдиқкардаи «Душанбехадамотнақлиётрасон» аз соати 05.55 то 21.00 дар хизмати мардум бошанд.
Мо бегоҳиҳо фақат ҳаракати ду автобуси рақамҳояшон 36-00 ТТ05 ва 9547 ТТ 05-ро аҳён-аҳён мушоҳида мекунем, ки фосилаи байни ҳаракати онҳо аз 1 то 2 соатро ташкил медиҳад. Баъзан ин ду автобус худсарона 3-4 соат пеш аз вақти дар график муқарраршуда хатсайрашонро тарк мекунанд.
Дар ду соли охир беҳтар гардидани таъминоти шаҳри Душанбе бо нақлиёти ҷамъиятии мусофирбар мо, сокинони пойтахтро шод гардонд. Бо иқдоми шаҳрдории Душанбе садҳо автобусҳои нави истеҳсоли Туркия ба ин мақсад харида оварда шуд, ки онҳо батадриҷ ҷойи микроавтобусҳои хатсайрҳоро гирифтанд.
Хизматрасонии ин автобусҳо аз ҷониби корхонаҳои коммуналии воҳиди давлатии «Автобус-1», «Автобус-2» дар хатсайрҳои пойтахт чанд моҳи аввал хуб ба роҳ монда шуд. Аммо ин дер давом накарда, ҳамон дарди ҳаринаи хизматрасонии ғайриқаноатбахш дар нақлиёти ҷамъиятӣ боз ба миён омадааст.
Аз як муроҷиати телефонии мо ба директори ККВД «Автобус-2» Саид Аҳмадзода маълум шуд, ки ин беъэтиноӣ аз худи ў ва зердастонаш сар мезадааст.
-Дар хатсайри 7-ум 8 автобус дар сменаи аввал ва 2 автобус дар сменаи дуюм ба мардум хизмат мерасонанд. Фаъолияти онҳо таҳти назорати ҳамешагии мутахассисони мо мебошад, — бовар кунонданӣ шуд моро Саид Аҳмадзода.
Аз ин посухи директор ба ёд мақоли «Савора чи парвои пиёда дорад» меояд! Аҷиб, ҳамагӣ ду автобус дар сменаи дуюм магар хизмати қаноатбахш расонида метавонад? Ҳеҷ бовар намекунем, ки кормандони масъули «Автобус-2» пас аз рўзи корӣ ҳаракати автобусҳоро зери назорат мегирифта бошанд. Агар чунин мекарданд, тавсияи бегоҳиҳо бештар кардани шумораи автобусҳоро медоданд. Магар ҳамин тавр намешуд, муҳтарам директори “Душанбенақлиётхадамотрасон”?
Э. Назаров, Н. Дагиев, Н. Халифаева, А. Ширинбеков, М. Ӯзбеков, Ҳ. Ҷӯраев, сокинони шаҳри Душанбе.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ