Сокинони деҳаи Роғи Мастчоҳ тамоми умр барқ надоштанд
Сокинони яке аз деҳаҳои Кӯҳистони Мастчоҳ ҳеҷ гоҳ «рӯшноиро» надидаанд Ҳатто дар замони Шӯравӣ дар ин деҳа ҳеҷ гоҳ равшанӣ набуд. Аммо дар ин ҷо тақрибан 250 оила зиндагӣ мекунанд.
Дар яке аз деҳаҳои Кӯҳистони Мастчоҳ ба номи Роғ барқ нест, ҳатто дар замони Шӯравӣ ҳам набуд. Аз сабаби релефи мушкили кӯҳистон мақомоти маҳаллӣ ҳатто кӯшиш намекунанд, ки ба ин деҳа хатҳои барқ гузаронанд.
хонаҳо аз ҳисоби як нерӯгоҳи хурди обӣ, ки сокинони маҳаллӣ онро худашон сохтанд ва худашон нигоҳубин мекунанд, бо чароғ таъмин карда мешаванд. Аммо қувваи барқ барои ҳама кофӣ нест. Тақрибан аз 250 хонаводаи ин деҳа танҳо 95 оила барқ мегиранд ва ҳамин ҳам танҳо барои даргиронидани чароғҳо ва телевизор барои дигар асбобҳои рӯзгор қудраташ намерасад. Чнин вазъ боиси нигаронӣ буда, боиси мушкилоти рӯзмарраи аҳолӣ мегардад — онҳо пайваста ба сӯзишворӣ барои гарм кардани ҳуҷраҳо дар зимистон, пухтани хӯрок ва обҷӯшонӣ, барои шустушӯ ва дигар эҳтиёҷот ниёз доранд. Дуруст аст, ки чанде пеш дар биноҳои пункти тиббӣ, мактаб ва устохонаи дӯзандагӣ панелҳои офтобӣ насб карда шуданд. Аммо барои эҳтиёҷоти худ сокинони деҳа онҳоро насб карда наметавонанд, чун арзишаш хеле гарон аст.
Дар замоне, ки мардуми кишварҳо и мухталиф ба саёраҳои дигар доранд парвоз мекунанду онҷо кӯшиши зист доранд, дар мо сокиони чунин деҳаҳои дурдасти Тоҷикистон орзуи барқро мекунанд, ки барояшон хеле муҳим аст. Роҳбарияти ноҳияро зарӯр аст, ки сари ин мушкилоти сокиони деҳаи Роғ чораҳои заруриро андешида, хонаҳои мардумро бо неруи барқ таъмин намоянд.
Умед бар он мебандем, ки як рӯз не як рӯз ба ин деҳаи дурдасти Куҳситони Мастчоҳ ин имконият даст медиҳаду аз истифодаи он бархӯрдор мегарданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ