Сокинони Хоҷаи Аъло: Қирғиз хонаҳоямонро оташ зад, ҷойи рафт надорем!

Дар натиҷаи ҳамлаи мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар деҳаҳои наздимарзӣ даҳҳо хонаи сокинони Тоҷикистон аз ҷониби шаҳрвандони Қирғизистон оташ зада шуд. Дар як деҳаи Хоҷаи Аъло тавре мо зимни сафар шоҳид шудем, 6манзил комилан ба коми оташ рафтааст.
Боир Саидов, сокини деҳаи Хоҷаи Аъло зимни суҳбат ба pressa.tj гуфт, ки хонаҳояшонро қирғизҳои маҳаллӣ оташ задаанд.

“Тақрибан соат 16-и баъди зуҳр буд. Аз дохили яке аз ҳавлиҳо дуд баромад. Вақте мо барои пешгирӣ рафтем, қирғизҳо ҷониби мо оташ кушоданд, мо наздик рафта натавонистем. Баъди чанд лаҳза ду низомии силоҳдори тоҷик омаданд ва қирғизҳо гурехтанд. Ҳамин тавр, ба мо муяссар шуд, ки сӯхторро дар ҳудуди ҳавлии шашум ҷилавгирӣ кунем. Агар ин тавр намекардем, тамоми маҳалла ба коми оташ мерафт”, — гуфт номбурда.

Ба гуфти Боир Саидов, ба коми оташ рафтани хонаҳои онҳо амали ноҷавонмардонаи қирғизҳост, на низомиён.

“Вақте муноқиша байни низомиён оғоз шуд, мо ба қирғизҳо ҳамла накардем, зеро муноқишаи марзиро бояд низомиёни давлатӣ ҳал кунанд. Мо интизор набудем, ки мардуми қирғиз нисбати мо чунин амали ноҷавонмардонаро раво мебинад. Онҳо бо бензин ба ҳавлиҳои холии мо ворид шуда, хонаҳоро оташ заданд ва онро ба навор гирифта, дар ютуб гузоштанд. Ҳамсояи ман, ки дар шаҳри Иваново зиндагӣ мекунад, сӯхтани хонаашро пеш аз мо тариқи интернет дида, телефонӣ ба мо хабар дод. Ин чӣ ноҷавонмардист. Дар ҳамсоягии мо қирғизҳо зиндагӣ мекунанд, вале мо ба хонаи онҳо ҳуҷум накардем, ба як хасашон зарар наовардем», — мегӯяд, ҳамсуҳбати мо.

Ба гуфти сокинони деҳаи Хоҷаи Аъло, сокинони деҳаҳои наздимарзии Қирғизистон ду-се рӯз қабл аз оғози низоъ кӯчонида мешаванд.
“Қирғиз барои ҷанг омодагии ҷиддӣ медид, бинобар ин чанд рӯз қабл аз оғози ҷанг мардумашро кӯчонид. Онҳо зану бачаҳояшон, гову молашонро аз ин ҷо гирифта рафтанд. Пас аз ин ҷанг шурӯъ шуд. Ҳамлаи қирғиз барои Тоҷикистон ногаҳонӣ буд” — мегӯяд, Сайфулло Маҳкамов, сокини деҳаи Хоҷаи Аъло.

Феълан дар деҳаи Хоҷаи Аъло 6 манзили истиқоматӣ ба коми оташ рафтаву сокинони он дар хонаи хешу табор ҷойгир шудаанд.

“Ин хонаҳо ба осонӣ ба даст наомадааст, натиҷаи заҳмату талоши 30-40 солаи ҳар яки мост. Инак, бо як либоси тан дар кӯча мондем ва бе ҳеҷ чиз шудем. Агар дар натиҷаи ҷанг бомба омада ба хонаи мо мезад, аламовар набуд, зеро ҷанг ҷанг аст, аммо вақте қирғизи ҳамсояат хонаатро барқасд оташ мезанад, ин аламовар мебошад» — мегӯяд, сокини Деҳаи Хоҷаи Аъло, ки худро мулло Бурҳон муаррифӣ кард.

Ёдовар мешавем, ки дар вақти сӯхтани хонаҳо талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст, зеро қабл аз оғози даргириҳо сокинони деҳаи Хоҷаи Аъло манзилҳояшонро тарк карда буданд.

Имрӯз, 3 май, вазъ дар деҳоти наздимарзӣ мӯътадил аст. Сокинони деҳаи Хоҷаи Аъло ба манзилҳои хеш баргаштанд, аммо 6 оилаи ин деҳа ҷойи рафт надоранд, зеро хонаҳояшон сӯхта хокистар шудааст.

«Ҳукумати вилоят ваъда карданд, ки касеро бе манзил намемонанд, ба ҳамаи мо ҷабрдидагон сарпаноҳ месозанд», — изҳори умедворӣ мекунад, Мулло Бурҳон.

Сӯхтани хонаҳо на танҳо дар деҳаи Хоҷаи Аъло, балки дар деҳаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ низ ба вуқуъ пайвастааст. Дар Сомониён 12 манзили истиқоматии сокинон аз ҷониби қирғизҳо сӯзонида шуд.

Дар мавриди ба коми оташ рафтани манзили истиқоматии сокинони Сомониён гузориши муфассалро интизор бошед.

Одил Нозир,
Исфара

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *