Сокинони Мурғоб: Ҳаёти фарзандонамон дар хатар аст 

Сокинони  маҳаллаи  Нерӯгоҳи  Оқсуи  маркази ноҳияи Мурғоб нигаронанд, ки агарчӣ   дар  ин диёр фасли  зимистон ҳукмфармост, вале ягона пули пиёдагарди аз обхезӣ   пурра харобшуда, ки маҳалларо  бо маркази ноҳия мепайваст, то ба ҳол барқарор нагардидааст. Обхезии фасли тобистон такягоҳи ин ягона пули пиёдагарди болои рӯдро шуста, пул куллан хароб гашт.

  Сокинони маҳалла, ки 12 хонаводаро дар бар мегирад, маҷбур шуданд,  дар мавриди зарурат акнун ба ҷойи се километр роҳи байни маҳалла ва маркази ноҳия бо роҳи даврӣ, ки  14 километрро   ташкил медиҳад, тай намоянд.

  Вайрон шудани  пул, бахусус,  ба ҳаёти кӯдакон таъсири манфӣ гузошт. Бо шурӯи соли таҳсил акнун  20 нафар хонандаи мактаб, ки аксарашон талабагони синфҳои ибтидоӣ ҳастанд, маҷбуранд барои аз хона то  ба мактаб рафтан  14 км  роҳро тай намоянд.

  Эҳтимолияти таъсири зимистони сарди Мурғоб ба саломатии  кӯдаконе, ки  ба хотири таҳсил маҷбуранд ҳамарӯза роҳи дуру дарозро тай намоянд,   зиёд аст. Гузашта аз ин дар фасли зимистон дар роҳи даврӣ, ки аз канори маҳаллаҳои аҳолинишони мегузарад, хатари  тӯъмаи гург ва ё намуди дигар ҳайвоноти ваҳшӣ   гардидани кӯдакон вуҷуд дорад. Ҳодисаи дар рӯзи равшан  аз ҳамлаи гург ба ҳалокат расидани наврас дар ҷамоати деҳоти Ванқалъаи ноҳияи Шуғнон  ҳушдор медиҳад, ки бояд барои ҷилавгирӣ аз чунин ҳодисаи нохуш дар Мурғоб омода бошем.

  Сокинони маҳаллаи  Нерӯгоҳи  Оқсу чандин   маротиба  тариқи ҳашар дар мустаҳкам намудани пояҳои   пули болои рӯд ширкат намуданд. Вале бо тағъйирёбии  иқлим ва обхезӣ дар Мурғоб имсол  пурра  валангор гардидааст.

  Ба гуфтаи сокинони маҳалла онҳо  ҳамеша омода ҳастанд, ба хотири таъмини саломатӣ ва ҳифзи ҳаёти фарзандонашон  тариқи ҳашар  дар барқарорсозии фаъолона ширкат намоянд.Вале ҳадди ақал  барои барқарорсозии муваққатии   пул  аз рӯйи ҳисобии онҳо се куб тахта, 300 метр трос ва 300 литр солярка лозим буда, бо ҷалби як механизм имкон дорад, ки дар фурсати кӯтоҳ пул барқарор гардад.

  Сокинони  маҳалла   ба  роҳбарияти  мақомоти  маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия  муроҷиат карда, ба мақсади ҷилавгирӣ аз хатари эҳтимолӣ ба ҳаёт ва саломатии мактаббачагон  хостори ҳар чӣ  тезтар  барқарор  шудани вайроншуда гардиданд.

Ислом Исломов, Гандум Мирзоқандов, Амонбек Маҳмадраҳимов – Сокинони ноҳияи Мурғоб

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *