Сокинони осоиштаро тирборон кардан ба хотири чист?
Сокинони Волноваха, ки талош доштанд манзилҳояшонро тарк кунанд, зери тирборони миллатгароёни украинӣ қарор гирифтанд.
Ситоди дифои Ҷумҳурии Мардумии Донетск дар канали «Telegram»-и худ аз ин хусус хабар додааст.
Қайд карда мешавад, ки оташ ба рӯи сокинон аз ҷониби парчамдорони ранги сафед кушода шудааст.
Дар гузориш омадааст, ки «миллатгароёни украинӣ соати 10:10 дар Волноваха сокинони осоиштаро тирборон карда, ба сӯйи мардуми осоишта бо парчами сафед аз шаҳр оташ кушоданд».
Намояндаи расмии Вазорати дифои Русия Игор Конашенков қаблан иттилоъ дода буд, ки мақомоти Украина шаҳрвандони осоиштаро ҳамчун «сипари зинда» истифода мекунанд.
Бино ба гуфтаи ӯ, режими Киев сокинони ин шаҳрро ҳамчун сипари зинда барои миллатгароён истифода мекунад ва воҳидҳои тӯпхонаию техникаи низомиро дар маҳаллаҳои истиқоматии пойтахт ва шаҳрҳои аҳолинишин ҷойгир кардааст.
Ёдовар мешавем, ки Русия амалиёти вижаи низомиро дар Украина идома медиҳад. Қарори баргузории он рӯзи 24-уми феврал аз тарафи Путин қабул шуд. Рӯзи 17-уми феврал ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганск дар бораи тезутунд шудани вазъ хабар доданд.
Раҳбарони ин манотиқ дар бораи интиқоли аҳолии осоишта иттилоъ доданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ