Соколов таҳдидадашро амалӣ кард

Вазорати нақлиёти Русия парвози ҳавопаймоҳои ширкати «Сомон Эйр»- Тоҷикистон аз шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ба шаҳрҳои он кишварро маҳдуд кардааст.
Вазорати нақлиёти Русия парвози ҳавопаймоҳои ширкати «Сомон Эйр»-и Тоҷикистон аз Душанбе ва Хуҷанд ба шаҳрҳои он кишварро маҳдуд кардааст. Вазорати нақлиёти Русия рӯзи 2 апрел бо пахши як хабарнома гуфт, ки ин маҳдудият сар аз соати 8:30 дақиқаи(10:30 ба вақти Душанбе) рӯзи душанбеи 3 апрел, оғоз хоҳад шуд.

Ин вазоратхона далели ин иқдомро ба «иҷро нашудани тааҳҳудоти Тоҷикистон дар мавриди парвозҳои ширкати ҳавопаймоии «Ямал»-и Русия аз фурудгоҳи Жуковский ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд», рабт додааст. Ин вазорат ба протоколи гуфтушунидҳо миёни ниҳодҳои ҳавопаймоии Русия ва Тоҷикистон аз 27 январи соли ҷорӣ ишора кардааст, ки дар он ба ширкати «Ямал» иҷозаи чор парвоз аз Жуковский ба Душанбе ва се парвоз ба шаҳри Хуҷанд пешбинӣ шуда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *