Солеҳи Регистонӣ:»Агар шаҳид шудам, ифтихори бузург аст. Инро ба мардуми ҷаҳон бирасонед!»

“Бо ин нерӯи муздур (манзур –Толибон*) ягон сулҳ маънӣ надорад. Инҳо ба ихтиёри худ нестанд. Толибон* ҷузъи артиши Покистонанд ва ин ҷанг ҷанги Афғонистону Покистон аст. Покистон ба хоки Афғонистон таҷовуз кард ва коре, ки мо мекунем, ҷиҳоди барҳақ аст. Мардуми Афғонистон, ки 40 сол аз ҷангҳо хаставу абгор шуд, шоистаи як низоми қафомондаи асримиёнагӣ нест. Ман ҳам инро қабул надорам. Агар дар ин роҳ шаҳид шудам, ифтихори бузурги ман аст. Инро ба мардуми ҷаҳон бирасонед!”, — гуфтааст Регистонӣ.

Солеҳ Муҳаммади Регистонӣ, маъруф ба Солеҳи Регистонӣ, фармондеҳи умумии нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон аст, ки ҷангҳои Панҷшерро мудирият мекунад. Ӯ то ин ҷо аз куҷо расид?

11 июн ӯ дар Дафтари сиёсии Аҳмад Масъуд, воқеъ дар Кортаи Сеи шаҳри Кобул барои ҷангҳои оянда омодагӣ мегирифт.

Он замон ба фикри ҳеҷ кас намеомад, ки 33 вилоят ва дар пайи он Кобулро Толибон* ба ин зудӣ ишғол мекунанд ва дар ин дафтаре, ки вай бо фармондеҳони собиқи муҷоҳидин барномаҳо мерезад, душманони ӯ маскун хоҳанд шуд.

Солеҳ Муҳаммади Регистонӣ чун як куҳи ғурур
  • Солеҳ Муҳаммади Регистонӣ, он замон муовини раиси Дафтари сиёсии Аҳмад Масъуд, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, раванди сулҳ ноком мешавад ва тавтиаҳои бузурге дар роҳанд, ки дар пайи он Толибон* ба қудрат мерасанд ва Афғонистон ба майдони бозиҳои печидае дар сатҳи минтақаву ҷаҳон табдил меёбад.
  • “Як “ҷанги ҳама алайҳи ҳама” сурат мегирад. Ҳукумат агар шикаст хӯрад, “Толибон” ба саҳна меоянд ва қудратҳо “ДОИШ”*-у дигар гуруҳҳоро ба майдони ҷанг меандозанд. Мо – муқовимати дуввум – низ вориди ин корзор мешавем ва бар ҳама пирӯз хоҳем омад”, — гуфт Регистонӣ.

Ӯ як муқовиматеро дар назар дошт, ки хезишҳои мардумӣ дар саросари Афғонистон барпо хоҳанд кард. Аммо бо гузашти беш аз якуним моҳ ҳоло аз нерӯҳои муқовимати мардумӣ фақат Панҷшер дар майдон мондааст ва гуруҳҳое аз паштуну тоҷику ӯзбек ва ҳазора аз саросари Афғонистон низ дар ин дараи таърихӣ ҷамъ омадаанд.

16 август Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон эъломи мавҷудият кард ва бо раҳбарии Аҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон ва раҳбари муқовимати аввал (1996-2001), вориди майдони набардҳо шуд.

14 июл, чоршанбеи ҳамон ҳафта, Регистонӣ ба Панҷшер омад ва дигар ба Кобул барнагашт.

Маркази матбуоти Ҷабҳаи муқовимати миллӣ гуфт, ки ҳоло Регистонӣ фармондеҳи кулли Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон аст ва ҷангҳои Панҷшерро мудирият мекунад.

Ӯ кист?

Солеҳ Муҳаммади Регистонӣ 19 августи соли 1963 дар деҳаи Порандаи вулусволии Бозораки Панҷшер таваллуд шудааст.

Ин рӯз ҳамзамон рӯзи Истиқлолияти Афғонистон аз Бритониё дар соли 1919 аст.

“Шояд ба ҳамин хотир аст, ки истиқлол ва озодиро бисёр дӯст дорам ва сарнавишт бароям мубориза барои онҳоро амалан рақам задааст. Ҷолибтар он ки мактабро ҳам дар лисаи “Истиқлол” – и Кобул, ки ба хотири истиқлоли кишвар ба ин ном ёд мешавад, ба поён расондам”, — мегӯяд ӯ.

Дар Панҷшер рустое, дарае ё минтақае ба номи Регистон нест. Он чӣ касро мутаваҷҷеҳ мекунад, маҳз тахаллуси Регистонӣ аст.

“Регистонӣ аз он хотир номи хонаводагии ман аст, ки аҷдоди ман ба монанди ҳазорон тоҷике, ки дар пайи истилои бегонагон дар тӯли таърих дар даврони Темури Курагонӣ аз рустои Даҳбеди Самарқанд ба ҷануби Хуросон, ҷое ки имрӯз Панҷшер номида мешавад, кӯч кардаанд ва чун маркази шаҳри Самарқанд Регистон ном дорад, аз он ҷиҳат ман Регистонӣ тахаллус кардаам”, — гуфт Регистонӣ.

Ӯ мактабро соли 1980 дар Кобул хатм намуда, ба Панҷшер рафт ва ба Аҳмадшоҳи Масъуд, ки алайҳи нерӯҳои Шӯравӣ ва режими коммунистии Афғонистон ҷиҳод мекард, пайваст. Баъдтар ӯ ба яке аз афроди хоси “Шери Панҷшер” табдил ёфт: дар 21 – солагӣ раиси шуъбаи амалиёти Шӯрои Наззор таъйин шуд. Шӯрои Наззор як иттиҳоди фармондеҳони ҷиҳодии Афғонистон буд, ки ба хотири танзим ва ҳамоҳангии амалиётҳо дар саросари Афғонистон соли 1984 аз сӯи Аҳмадшоҳи Масъуд таъсис ёфт.

Ҷалолуддин Ҳаққонӣ, асосгузори “Шабакаи Ҳаққонӣ”, созмони террористие, ки ҳоло аз сӯи писараш Сироҷуддин Ҳаққонӣ, вазири феълии корҳои дохилии Толибон*, раҳбарӣ мешавад, низ узви ин шӯро буд. Ин созмон ҳоло яке аз нерӯҳои зарбатии “Толибон” дар ҷангҳои Панҷшер аст.

“Дар Шӯрои наззор дар канори раёсати бахши амалиёт ба ҳайси устоди низомӣ, сиёсӣ ва ақидатӣ низ ифои вазифа кардам. Таҷриба ва тахассусам дар бахши низомӣ “ҷангҳои партизанӣ” аст, аммо дар бахшҳои дигар ҳам кор кардаам”, — мегӯяд Регистонӣ.

Ормонҳои барбодрафта

Соли 1992 муҷоҳидин Кобулро гирифтанд. Регистонӣ дар ҷангҳои дохилӣ бо мухолифини ҳукумати Бурҳонуддини Раббонӣ, ки вазири дифоъаш Аҳмадшоҳи Масъуд буд, ҳамоно раёсати шуъбаи амалиёти Шӯрои наззорро ба зимма дошт.

Ҳамзамон ӯ ба донишкадаи ҳуқуқ ва улуми сиёсии Донишгоҳи Кобул дохил шуда, онро бо муваффақият ба анҷом расонд.

Масъуд соли 1997 Регистониро ба ҳайси вобастаи низомӣ ва намояндаи хос ба Тоҷикистон фиристод, баъдтар (2000 – 2003) ҳамин вазифаро дар Русия иҷро кард. Соли 2004 ба Афғонистон баргашт ва дар интихоботи парлумонӣ баранда шуда, аз Панҷшер дар Маҷлиси намояндагон – палатаи поёнии парлумони Афғонистон – намоянда буд. Аммо пас аз ду сол ӯ парлумонро тарк кард.

“Ман дидам, ки “ёрони қаблӣ” – ву “бузургон”-и мо, назири Маршал Фаҳим, Доктор Абдуллоҳ, Юнус Қонунӣ, Бисмиллоҳхон ва дигарон ба ормонҳои ҷиҳоду муқовимат хиёнат карданд. Онҳо аз роҳи Масъуд мунсариф шуданд. Даст ба ҷамъоварии молу сарват ва муомилаҳои хоинонае бо кишварҳои хориҷӣ заданд. Ман ба чашмони худ медидам, ки самараи ҷиҳоду муқовимат ва хуни шаҳидони мо зоеъ, мардуми фақиру умедвор фаромӯш шуданд, аз ин хотир, майдонро тарк кардам”, — гуфт Регистонӣ.

Бозгашт

Рӯзҳои нохуш ва сахте сари Регистонӣ омаданд. Аввал, виҷдонаш азоб медод ва ба худ мегуфт, кош, ин рӯзҳоро намедид, аз сӯи дигар, вазъи молиявии хонаводааш, ки ду писару як духтар дошт, хуб набуд.

“Дар ин миён даромаде надоштам ва ҷояш омад, ки аз бархе дӯстон ба маблағи бузург 3 миллион афғонӣ қарздор шудам. Корам мутолиа ва навиштани мақолот буд. Аммо аз ҷараёни ҳаводис хулоса мекардам, ки як рӯз ба майдон бармегардам”, — гуфт ӯ.

Ва бозгашти ӯ тӯл накашид.

Соли 2018 Аҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, ки дар Лондон таҳсил мекард, ба Афғонистон баргашт ва ба фаъолиятҳои сиёсӣ шуруъ намуд. Ӯ дар Кобул Дафтари сиёсии худро боз намуда, Регистониро муовини худ гирифт. Моҳи августи соли 2020 мардуми Панҷшер, тамоми фармондеҳони бозмонда аз Масъуд ва насли ҷавони дара бо Масъуди хурдӣ аҳд карданд.

Паёми охирин

Регистонӣ мегӯяд, нависанда нест, аммо то ҳол се китоби ӯ — “Масъуд ва озодӣ”, “Масъуд дар хотираҳо” ва “Мудохила ба ривояти мудохилагар” ба чоп расидаанд.

“Ба забонҳои русӣ, инглисӣ ва арабӣ суҳбат мекунам. Мақолаҳои сиёсиям дар расонаҳои дохилу хориҷ ба нашр расидаанд. Агар умр вафо кунад ва ин балоҳо аз сари Афғонистон рафъ шаванд, танҳо коре, ки мехоҳам кунам, навиштани таърихи муборизоти Аҳмадшоҳи Масъуд дар панҷ ҷилд аст”, — гуфт ӯ дар охирин суҳбате, ки бо Sputnik Тоҷикистон дар Кобул дошт.

Аммо таърих ӯро як ҷанговар офаридааст ва аз сари миз ба майдони ҷанг, дараҳои барояш ошнои Панҷшер, он ҷо, ки ҷавониҳояш гузаштааст, кашидааст. Охирин паёме, ки тариқи афроди робиташ ба Sputnik Тоҷикистон гузошт, ин буд, ки ӯ кафан ба бар намудаву роҳи худро интихоб кардааст.

“Бо ин нерӯи муздур (манзур –Толибон*) ягон сулҳ маънӣ надорад. Инҳо ба ихтиёри худ нестанд. Толибон* ҷузъи артиши Покистонанд ва ин ҷанг ҷанги Афғонистону Покистон аст. Покистон ба хоки Афғонистон таҷовуз кард ва коре, ки мо мекунем, ҷиҳоди барҳақ аст. Мардуми Афғонистон, ки 40 сол аз ҷангҳо хаставу абгор шуд, шоистаи як низоми қафомондаи асримиёнагӣ нест. Ман ҳам инро қабул надорам. Агар дар ин роҳ шаҳид шудам, ифтихори бузурги ман аст. Инро ба мардуми ҷаҳон бирасонед!”, — гуфтааст Регистонӣ.

Бино ба охирин гузоришҳо, Регистонӣ бо нерӯҳояш чанд рӯзи ахир дар дараи Поранда – зодгоҳи ӯ дар муҳосираи Толибон* қарор доштанд. Ҳатто расонаҳои марбути “Толибон” аз шаҳодати ӯ низ шоеапароканӣ карданд.

Дирӯз, 9 сентябр, ӯ тариқи видео дар ҷамъи фармондеҳони барҷастаи Муқовимат, назири Ҳамиди Сайфӣ, Мунир Амир, Холид Амирӣ, Ҷаландар Воҳид, Ғанӣ Туғрал ва дигарон аввалин паёми худро ба мардуми Афғонистон расонд ва аз идомаи ҷанг хабар дод.

Зоҳиран, ҳоло ӯ дар ҷое қарор дорад, ки орзуяшро дошт – барои озодии Афғонистон ҷанг мекунад ва ҳам дар зодгоҳаш, ки орзу дошт, он ҷо ҳамчун шаҳид хок шавад. Регистонӣ ба истиқболи ҳамин ду орзу равон аст, аммо сарнавишт кадоме аз онҳоро барояш дар армуғон хоҳад дошт?

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *