Солеҳа Рашидӣ — Афғонистон

Интизор  

Дар деҳкадаи сабз,

Вазиши бод,

Пайкари дарахтон бедро навозиш медод.

Дари қатор дарахтон

Ва хурӯши амвоҷи дарё,

Маҳви зебоии табиат шуда будам.

Ҳар тараф сабз буд,

Ҳавои гуворо тани ману дарахтонро,

Нарм нарм мебӯсид.

Ва дар миёни анбӯҳи дарахтону сабзаҳо,

Нафасҳои шумурда ва ошно,

Дар канорам.

Оҳ! Чӣ дилпазиру рӯҳбахш,

Касе, ки солҳо дар интизораш будам,

Дар чанд қадамӣ маро истиқбол мекард,

Ва нафасҳояш маро неру медод.

Ва сояҳои ростини ӯ ба думболи ман,

Дар интизори паёму номаҳояш.

Вале худаш,

Соявор маро думбол мекард.

Ва чӣ эҳсоси шигифте бароям даст дод,

Фориғ аз васвасаву ташвиш.

Фориғ аз ваҳшат,

Наздик ба отифаву меҳр будам.

Муддатҳо хоб аз чашмонам рубуда шуд,

Хоб чашмонамро навозиш дод,

Дар тапишҳои қалб ва нафасҳояш хобидам.

Бо ҷуброни гузашта ором-ором неруи дубора ёфтам.

Дареғо! Рӯз зуд гузашт,

Қиссаҳо нотамом монд.

Боз ҳам дар гӯшаҳо,

Танҳо нишастам,

Чашминтизори ӯ.

***

 Наомад

Оҳ! Зи шаҳри ғуссаҳову андӯҳ,

Зи гиряи тифлону нолаи занон.

Зи гӯри хунини шаҳидон,

Ва мардони роҳи озодӣ.

Зи рафиқи ҳамразми гулгункафанам,

Надорам паём.

Зи сулҳу оромишу сафо,

Нест хабаре.

Зи тани бараҳнаи кӯдаке ҳар дам доранд ғавғо,

Занеро дар ҳисори баланд мусовии ҳуқуқ,

Бо тир мезанад.

Бо туфанги мазҳаб мекушанд,

Бо ҷавр мебаранд то пойи сандуқи раъй,

То ҳузурашро масхара кунанд.

Камранг буданаш ранги тақаллубу риё диҳанд,

Зи шаҳри ғуссаҳо ва хунини танҳо,

Надорам паём.

Наомад паёме зи роҳи дур,

Зи шаҳри ғуссаҳо ва андӯҳ.

Вақте қалби одам меҳаросад,

Зи лаҳзаи андӯҳ,

Зи лаҳзаҳои мубҳам,

Зи ғаму андӯҳи мардум касе намегӯяд.

Аз гузари Ватанам касе наомад,

Ки чӣ ошуб дорад,

Наомад ва наомад.

***

Биё, эй ҷони ман

Дур марав, ки раҳзнон дар саҳрову даман,

Дар пешат қалъаҳои бегонаҳо дар пушт қалъаҳои бегонаҳо.

Бо дастури чанд айёшу хушгузорон,

Донаҳои нифоқро дар тори нестӣ,

Барои ману ту дар чӣ хаёл чидаанд.

Ин ошёни кӯчак ва умедро вайрон макун,

Рӯзҳо чӣ шитобон мегузарад.

Асри ҷаҳолат нест, ки надонӣ сиёҳии шабро,

Биё чун гузаштаи на чандон дур,

Яктану якруҳ биразмем.

Барои дардҳои ногуфтаи зан дар ватани мо,

Барои тифли гуруснаву дардманди ятим,

Барои танбараҳнагони сол,

Барои ҷавони гулгункафан,

Ки ҳар рӯз модарон дар сугашон мӯя мекунанд,

Ки модарон дар сугашон, зиҷа мекашанд.

Биё биразмем барои мардуми овораву саргашта,

Аз марзҳои бегона барои осоиш чанде.

Биё биразмем барои худо, ки худойи он симу зари моро ба табоҳӣ кашидаанд.

Биё дарди ману ту якест, ғофил мабош, ғофил мабош,

Ҷаври рӯзгор иваз шуда чун рӯзгор иваз шуда.

Бо хандаҳои намакин медузданд ҳурматро,

Ғайрату ғурурро,

Обрӯ, иззати зану хоҳари ману туро.

Ғофил мабош, дарди ману ту якест,

Фиреби ин барқи ризқи дунёро махўр.

Ману ту ҳамон фарзанди садиқи ватанем,

Ки ними нонро ба роҳатӣ дар торикии шаб,

Бо садоқат нисф мекардем.

Биё,  ҷони ман, тани ман,

Ман ҳамонам, ки барои кишварам,

То субҳҳо хобҳои тиллоӣ медидам.

Чӣ бебоку босафо даридем дижмони дижи замон,

Ки боз танаи захмии аждаҳор,

Сар баланд кард барои нобудии ману ту.

Биё, то даст ба ҳам диҳем,

Бифшорем гулӯи танги ҳасодатро,

Аз нав биё оғозем ҷаҳони дигарро.

То ману ту зинда бимонем,

Барои фардои нуронӣ,

Ва фардои беҳтар барои зиндагӣ.

Дасисаву тавтеа бас аст,

Ману ту яктану якрӯҳ шавем.

Созем ватанро хутан,

Ҳама чашм дар интизоранд.

صالحه رشيدی — افغانستان

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *