Солгарди шаҳри Остона ва ҷашни зодрӯзи Нурсултон Назарбоев

Қазоқистон имрӯз, 6 июл 20-умин солгарди шаҳри Остона, пойтахти худро таҷлил мекунад. Ин ҷашни давлатии Қазоқистон ба рӯзи зодрӯзи президенти ин кишвар Нурсултон Назарбоев, ки 78-сола шуд, “рост” меояд.

Пойтахти Қазоқистон бо ташаббуси Назарбоев соли 1997 расман аз шаҳри Алмато ба шаҳри Остона кӯчонида шуд. Ин шаҳр дар ҷанубу шарқи Қазоқистон ҷойгир буда, он замон Акмолӣ (Селиногради пешин) ном дошт. Моҳи майи соли 1998 номи он бо фармони президенти Қазоқистон ба Остона иваз карда шуд.

То соли 2006 Рӯзи пойтахти Қазоқистон 10 июн таҷлил мешуд, вале онро баъдан ба 6 июл тағйир доданд. Соли 2008 ин сана ҷашни давлатӣ ва истироҳат эълом гашт. Дар арафаи ҷашни мазкур, тамоми ноҳияҳои Қазоқистон ба Остона туҳфа карданд. Аз насби муҷассама то бозсозии боғчаву боғҳо. Ба иттилои расмӣ, ба таҷлили Рӯзи Остона 18 миллиарду 80 миллион танга сарф мешавад.

Дар Қазоқистон Остонаро “дастранҷ”-и Назарбоев меноманд. Нурсултон Назарбоев ҳанӯз пеш аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ сари қудрат омадааст. 24 апрели соли 1990 дар Қазоқистони ҶСШ мақоми президентӣ таъсис дода шуд ва Шӯрои олӣ низ Назарбоевро, ки раиси Ҳизби коммунист буд, президент интихоб кард. Ӯ дар интихоботҳои президентии Қазоқистон, ки мавриди интиқоди нозирони ғарбӣ қарор гирифтаанд, пирӯз эълом шудааст. Бар пояи натиҷаҳои интихоботи пеш аз муҳлати соли 2015, Назарбоев беш аз 97%-и овозҳоро касб карда буд.

Мунаққидони Назарбоев мегӯянд, ӯ низомеро таъсис додааст, ки гуногунандешон ва рақибони аслии президентро аз байн мебарад. Худи Назарбоев чанд бор гуфт, ки Қазоқистон барои расидан ба демократия роҳи худро дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *