Соли 2019 ӯзбекистониҳо ба маблағи $16 млн рақами мошин харидаанд

Дар Ӯзбекистон соли 2019 ба воситаи музоядаи онлайнӣ дар сомонаи «avtoraqam.uzex.uz» беш аз 36 300 рақами давлатии ба истилоҳ «тилоӣ»-и мошин ба маблағи 156,1 миллиард сӯм (зиёда аз $16,3 млн) ба фурӯш рафтааст.

Аз ҳама рақами арзон беш аз 1 миллион сӯм (зиёда аз $100) ва гаронтарин рақам беш аз 91 миллион сӯм ($9,5 ҳазор) фурӯхта шудааст.

Дар ин бора расонаҳои Ӯзбекистон бо истинод ба муовини раиси шӯрои биржаи ин кишвар Ислом Ибрагимов иттилоъ доданд.

Ёдрас мешавем, фурӯши рақамҳои давлатӣ барои мошинҳо дар Ӯзбекистон бори нахуст моҳи сентябри соли 2017 оғоз шуд. Дар се моҳи аввал ба маблағи 21 миллион сӯм рақамҳои давлатӣ фурӯхта шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *