Соли 2019 ҳаҷми маош ва нафақа боло рафт
Дар Қазоқистон сар аз соли 2019 ҳаҷми маош ва нафақа боло рафт. Дар ин бора сомонаи сарвазири он кишвар хабар медиҳад.
Ба иттилои сомонаи мазкур, ҳаҷми маоши ҳадди ақал аз 72 доллар ба 110 доллар мерасад. Гуфта мешавад, болоравии маоши ҳадди ақал ба 1 миллиону 300 ҳазор қазоқистонӣ дахл хоҳад кард.
Ҳамзамон ҳаҷми нафақаҳо низ боло рафта, ба 135 доллар мерасад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ