Соли 2019 хушбахтӣ меорад ё бадбахтӣ?

Инсон ҳамеша барои роҳ бурдан ба асрори азал талош варзида, кӯшиш менамояд, ки бо кӯмаки фолбину ғайбдонҳо ояндаи худро бифаҳмад. Хоса дар арафаи соли нав дилҳои одамон ба ларза медарояд, ки имсол чӣ гуна сол меомада бошад. Мехоҳед донед, ки дар соли 2019 сокинони сайёраи Замин, аз ҷумла мову шуморо чӣ интизор аст? Пас, ба пешгӯиҳои ғайбдонҳои машҳур, ғолибони «Битва экстрасенсов» таваҷҷуҳ намоед.

Ҷулия Ванг ҷанги сеюми ҷаҳонро пешгӯӣ мекунад?

Ҷулия Ванг муътақид аст, ки соли 2019 барои тамоми инсоният соли бисёр  душвор меояд. Сатҳи зиндагии мардум боз ҳам пасттар гашта, қурби асъор тез-тез пасту гоҳ баланд мешавад. Ҷулия мегӯяд сар задани ҷанги сеюми ҷаҳон эҳтимол дорад. Ин экстрасенси машҳур муътақид аст, ки новобаста ба санксия ва кинаварзиҳои Амрикою давлатҳои аврупоӣ Русия қудрати худро аз даст нахоҳад дод.

Александр Шепс:

Бахти ҳар кас дар дасти худи ӯст

Пешгӯии Александр Шепс дар боби соли 2019 нисбат ба Ҷулия Ванг таскинбахштар аст. Ба гуфти ин экстрасенси машҳур баръакс оташи ҷанг дар як қатор кишварҳо хомӯш мешавад. Шепс ҳамчунин бо ҳамдигар забон ёфтани Русия ва Украинаро пешгӯи намудааст. Александр бар он назар аст, ки Хитой дар ҷаҳон қудрати бештар ба даст меорад ва маҳз бо шарофати ҳамкорӣ бо Чин Россия мушкилоти иқтисодии худро ҳал мекунад. Александр Шепс мегӯяд имсол тақдири одамон на ба ҳукуматдорон ва сиёсати онҳо, балки бештар ба худи онҳо вобаста аст. Хушбахтии ҳар як шахс дар дасти худи ӯст, агар талош намояд, бою бадавлат мешавад, вале бечоранолӣ карда шинад, ҳолаш аз буда низ бадтар мегардад.

Муҳсин Наврӯзӣ:

Ҷаҳонро буҳрони иқтисодӣ фаро мегирад

Экстрасенси эронӣ дар соли 2019 ба гирдоби буҳрони иқтисодӣ ғӯтидани на танҳо Русия, балки тамоми кишварҳои ҷаҳонро пешгӯӣ намудааст. Ба қавли ин ғайбдон сарҳади чанд кишвари Аврупоро хатари ҷиддии сар задани ҷанг таҳдид мекунад. Муҳсин Наврӯзӣ ба пешгӯии Александр Шепс дар боби бо ҳам забон ёфтани Русия ва Украина розӣ нест ва мегӯяд муносибатҳои ин ду кишвар ҳамчунон сард боқӣ мемонанд. Ягона хушхабари ғайбдони эронӣ он аст, ки қурби пули русӣ имсол баланд мешавад.

Зулия Раҷабова:

Ҷанги сеюми ҷаҳон аз Украина сар мешавад

Ғолиби даври дуюми озмуни муҳорибаи  экстрасенсҳо Зуля Раҷабова пешгӯӣ намудааст, ки муноқиша дар қисмати шарқии  Украина рафъ нагашта, баръакс ба ҷанги хеле калон мубаддал мегардад ва зарараш на танҳо ба Русияву кишварҳои собиқ шӯравӣ, балки ба тамоми давлатҳои ҷаҳон мерасад. Зулия мегӯяд қурби доллар баланд гашта, ин боиси пешравии иқтисодии аксар кишварҳо мегардад.

Маҳдӣ Иброҳим Вафо:

Шумораи бекорон меафзояд

Маҳдӣ Иброҳим Вафо, экстрасенсе, ки аслу насабаш аз эрону турк аст, қисмати аввали 2019-ро душвор пешгӯӣ намудааст. Ба гуфтаи Меҳдӣ қурби рубли русӣ паст шуда, шумораи одамони бекор дар давлатҳои собиқ шӯравӣ, хоса дар Осиёи Миёна меафзояд. Байни чандин давлатҳои калони дунё барои нефт баҳсу моҷарою ҷангу ҷанҷол сар мезанад. Вазъият танҳо нимаи дуюми сол каме ба эътидол омада, бо фаро расидани фасли тобистон мардум андак нафаси осуда мекашанд. Иброҳим Вафо тавсия додааст, ки Русия ва Қазоқистон мутаҳҳид шаванд. Ба ақидаи ин экстрасенс маҳз мутаҳиддӣ кафили пешравӣ ва муваффақияти ин ду кишвар дар соли 2019 хоҳад гашт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *